Факултети филологияи хориҷии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ

  • Home
  • Tajikistan
  • Kulob
  • Факултети филологияи хориҷии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ

Факултети филологияи хориҷии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Факултети филологияи хориҷии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ, College & University, ш. Кӯлоб, кӯч. С. Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 6-8-ум, Kulob.

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “THE MODERN LINGUIST”Имрӯз (5.11.2025) дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба н...
05/11/2025

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “THE MODERN LINGUIST”

Имрӯз (5.11.2025) дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “The modern linguist”-и назди кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидова Нилуфар, мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Рузиева Барно, роҳбари маҳфил Бобоев Аъзам, ҳаёати омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст, номзади илмҳои филологӣ Саидова Нилуфар суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз намуд. Ҳамзамон роҳбари маҳфил Бобоев Аъзам доир ба фаъолияти маҳфил ва маърӯзаҳои баррасишавандаи маҳфили имрӯза ба ҳозирин маълумот доданд.

Сипас, донишҷӯи курси дуюми факултет – Суҳробов Худобахш дар мавзуи “Methods of learning foreigh language” ва донишҷӯи курси чоруми факултет – Самадов Толиб дар мавзуи “Good or bad social media” маърӯзаҳои пурмуҳтавои худро тариқи рӯнамо, инчунин пурра бо забони англисӣ ироа намуданд.

Дар фарҷом ҳозирин доир ба баргузории маҳфили мазкур фикру андешаҳои худро баён намуда, ба маҳфил баҳои хуб доданд.

АНВОРИ ДОНИШ: АЗ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХ ТО ХОТИРОТИ ШУМОМУРОҶИАТНОМАба хатмкардагон, собиқадорон, кормандон, омӯзгорон ва дони...
12/08/2025

АНВОРИ ДОНИШ: АЗ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХ ТО ХОТИРОТИ ШУМО

МУРОҶИАТНОМА
ба хатмкардагон, собиқадорон, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Муҳтарам хатмкардагону собиқадорон, устодону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз нахустин рӯзҳои таъсис то ба имрӯз ҳамчун боргоҳи илму маърифат ва мактаби бузурги ҳаёт барои тарбияву баркамолии ҳазорҳо ҷавонони меҳан хизмат шоиста кардааст. Дар тӯли фаъолияти пуршарафи худ ин муассисаи бонуфузи таълимӣ бо омодасозии мутахассисони соҳибмаърифат, ватандӯсту хештаншинос ва худогоҳу ботаҷриба дар рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар нақши сазовор дорад.

Лозим ба таъкид аст, ки соли ҷорӣ аз таъсиси ин кохи илму маърифат 80-сол сипарӣ мегардад. Мутмаинем, ки ин санаи муборак на танҳо барои устодону донишҷӯёни имрӯза, балки барои ҳар як хатмкарда, тарбиятёфта, собиқ кормандону дӯстдорони донишгоҳ ифтихори бузург аст. Дар ин марҳалаи таърихӣ, мо мехоҳем боз як бор саҳифаҳои тиллоии таърихи донишгоҳро варақ занем, хотироти ширини замони таҳсилро зинда гардонем ва ёди устодону ҳамсабақонро гиромӣ дорем.

Ба ҳамин муносибат, ҳайати эҷодии рӯзномаи «Анвори дониш» бо эҳтироми хоса аз ҳар яки Шумо даъват менамояд, ки андешаву хотироти худро дар шакли мақола ё меҳрнома таҳия намуда, дар робита ба солҳои таҳсил, нақши донишгоҳ дар ташаккули шахсият ва фаъолияти касбӣ, ёдбуди устодон ва дӯстони даврони донишҷӯӣ бо мо дар миён гузоред. Инчунин расмҳои даврони донишандӯзӣ ва замони фаъолият, ки ба ҳаёти донишгоҳ марбутанд, мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Матолиб, меҳрномаҳо ва расмҳои Шуморо барои нашр дар саҳифаҳои рӯзномаи «Анвори дониш» ва сомонаи расмии донишгоҳ интизорем.

Лутфан, маводҳои худро ба суроғаи мо: ш. Кӯлоб, кӯчаи С.Сафаров 16, бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ошёнаи 1, утоқи №112 ва ё ба нишонии почтаи электронӣ: [email protected] ирсол намоед.

Бовар дорем, ки саҳифаҳои хотироти Шумо ба ганҷинаи таърихи донишгоҳ як нуктаи равшан ва хотирмоне зам хоҳад кард.

Бо эҳтиром, ҳайати эҷодии рӯзномаи «Анвори дониш»

Address

ш. Кӯлоб, кӯч. С. Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 6-8-ум
Kulob

Opening Hours

Monday 08:00 - 18:00
Tuesday 08:00 - 18:00
Wednesday 08:00 - 18:00
Thursday 08:00 - 18:00
Friday 08:00 - 18:00
Saturday 08:00 - 18:00

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Факултети филологияи хориҷии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share