Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ
Directions Website

Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ

14/10/2026

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
14.10.2026
https://president.tj/event/news/57869

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

14/10/2026
14/10/2026
 #ХУШХАБАР : МУВАФФАҚИЯТИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ДИПЛОМАТИЯИ ДБССТ Шарифов Муҳаммад Маҳмадалиевич- донишҷ...
14/10/2026

#ХУШХАБАР

: МУВАФФАҚИЯТИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ДИПЛОМАТИЯИ ДБССТ

Шарифов Муҳаммад Маҳмадалиевич- донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-230101.00- "Муносибатҳои байналмилалӣ"-и Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди "Карате-до" (ВКФ) миёни калонсолон дар вазни 75 кг сазовори ҷойи 1-ум ва медали тилло гардид.

Ин дастоварди шоиста боиси ифтихор буда, барои ҷавонон намунаи ибрат ва мояи сарфарозӣ мебошад.

Офарин, қаҳрамон! Ба Шумо пирӯзиҳои нав, муваффақиятҳои беназир ва парчамбардории Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таманно дорем!

 #ХУШХАБАРМУВАФФАҚИЯТҲОИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ДИПЛОМАТИЯИ ДБССТ МУБОРАК БОШАД!Алиева Гавҳарой Валиҷон...
14/10/2026

#ХУШХАБАР

МУВАФФАҚИЯТҲОИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ДИПЛОМАТИЯИ ДБССТ МУБОРАК БОШАД!

Алиева Гавҳарой Валиҷоновна донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 230101.00- "Муносибатҳои байналмилалӣ", дар озмуни ҷумҳуриявии "Донишҷӯи сол–2026" ва Шарипов Шаҳром Зубайдуллоевич донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-230101.01- "Сиёсати берунӣ ва дипломатия"-и Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ дар озмуни "Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат" сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

ДАРСИ КОРШИНОСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШКАДАСанаи 13 октябр, дар доираи Форуми байналмилалии "Сайёҳии устувор ва мероси фа...
14/10/2026

ДАРСИ КОРШИНОСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШКАДА

Санаи 13 октябр, дар доираи Форуми байналмилалии "Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ", ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, густариши робитаҳои академӣ ва табодули таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ, дар гурӯҳҳои таълимӣ академӣ бо иштироки коршиносони сатҳи байналмилалӣ дарс баргузор гардид.

Дарси мазкурро Эврен Рутбил- директори Институти байналмилалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ бо донишҷӯёни самти дипломатия, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ доир намуд. Ин чунин дар ин дарс Ойбек Ҷабриев- менеҷери институти мазкур низ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Боиси зикр аст, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти байналмилалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ самаранок буда, нақши он дар пешбурди парвандаҳои номинатсионӣ ҷиҳати ворид намудани мероси фарҳангии тоҷикон ба ЮНЕСКО аз ҷумла, ворид намудани ёдгориҳои таърихию фарҳангии Долони Зарафшон-Қароқум ва силсилаёдгориҳои "Хуттали Қадим" назаррас мебошад.

Address

Борбад 48/8
Dushanbe
​[email protected]

Opening Hours

Monday 08:00 - 18:00
Tuesday 08:00 - 18:00
Wednesday 08:00 - 18:00
Thursday 08:00 - 18:00
Friday 08:00 - 18:00
Saturday 08:00 - 18:00

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share