Институти забон ва адабиёт /Tajik Institute of language and literature

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Институти забон ва адабиёт /Tajik Institute of language and literature

АЗ ТАЪРИХИ ФАЪОЛИЯТИ ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ А. РӮДАКИИ АМИТ

Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ аз умдатарин ва муҳимтарин маркази омӯзиш ва таҳқиқи забон ва адабиёти тоҷик ва дар маҷмуъ мероси фарҳангии миллати тоҷик ба шумор меравад. Таъсиси Институт бо таъсиси бахши таъриху лингвистикаи базаи дар Тоҷикистон будаи АИ Иттиҳоди Шуравӣ марбут аст. Бинобар қар

ори Раёсати АИ Иттиҳоди Шуравӣ аз 17 марти соли 1932 дар ҳайати ин бунгоҳ бахши таъриху лингвистика таъсис дода шуд. Аммо ин бахш дар Тоҷикистон ба таври воқеӣ аз моҳи ноябри соли 1933 бо сарварии яке аз ховаршиносони варзидаи рус Е.Э.Бертелс ба фаъолият оғоз намуд. 19 ноябри соли 1940 дар асоси бахши таъриху лингвистика Шуъбаи тоҷикистонии Институти таърих, забон ва адабиёти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ таъсис дода шуд, ки қисмати филологияи он дорои ду бахш – забону адабиёт ва фолклор буд. Соли 1945 ба хотири танзим ва таҳияи фарҳангҳои дузабона, соҳавӣ ва тафсилӣ дар сохтори Институт бахши фарҳангнигорӣ таъсис гардид. Аз 4 марти соли 1948 сохтори Институти таърих, забон ва адабиёт бозсозӣ гардида, бахшҳои таҳқиқ ба шуъбаҳо табдил дода шуданд, ки мутобиқи он ҳар шуъба дорои бахшҳо ва ё гурӯҳҳои ҷудогонаи таҳқиқотӣ буд. Моҳи марти соли 1951 бо қарори Шурои Вазирони Тоҷикистон якҷо бо таъсиси Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар ҳайати он Институти забон ва адабиёт ҳамчун муассисаи мустақили илмӣ ташкил гардида, сохтори он иборат аз чаҳор бахш буд: бахши забон, бахши адабиёти классикӣ, бахши адабиёти шуравӣ ва бахши луғатҳо. Ба таърихи 17 январи соли 1958 дар асоси бахши адабиёти классикии Институт Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд. Моҳи октябри соли 1958 ба муносибати 1100-солагии бузургдошти асосгузори адабиёти форсии тоҷикӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Институт ба номи ӯ гузошта шуд.

Аввалин таҳқиқоти илмӣ оид ба забон ва адабиёти тоҷик дар замони шуравӣ солҳои 20-уми асри гузашта ба миён омаданд. Пажӯҳиши забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик дар ҷараёни баҳсҳои табдили алифбо ба лотинӣ ва забони адабии тоҷикӣ (1927–1930) сурат мегирифт. Омӯзиши масъалаҳои суханшиносӣ яке аз вазифаҳои Шурои илмии Тоҷикистон (1927), Институти тадқиқотии назди Нозироти (Комиссариати) маорифи Тоҷикистон, ба хусус бахши Тоҷикшиносии он будааст.

То солҳои 50-уми асри гузашта қариб дар тамоми соҳаҳои филологияи тоҷик мутахассисони баландихтисос ба воя расидаанд. Омӯзиши таърихи забон ва қисматҳои грамматика, лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ва тартиб додани луғатҳои тафсирию дузабона, услубшиносӣ ва таҳқиқи назарияи лексикология ва лексикография, сохтани луғатҳои фразеологӣ ва таҳқиқи масъалаҳои поэтика, омӯзиши қиёсии забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, ҷамъоварӣ ва нашри осори эҷодиёти халқ, таҳқиқи жанрҳои фолклор, ҷустуҷӯ ва ба чоп омода кардани мероси адабӣ ва таҳқиқи эҷодиёти адибони ҷудогонаи давраҳои адабиёти классикӣ ва нави тоҷик ва масъалаҳои робитаҳои мутақобили адабиётҳо аз мавзуъҳое буданд, ки ба барномаи асосии Институт дохил гардиданд. Ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмию ташкилии Институт барномарезии амиқ ва дахолат ба ҳалли муҳимтарин масъалаҳои сохтмони маданӣ дар ҷумҳурӣ хос буд.

Кормандони илмии Институт дар ҳалли мавзуъҳои умумииттфоқии Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи М.Горкий, институтҳои забоншиносӣ ва шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шуравӣ, аз қабили “Таърихи адабиёти милали Шуравӣ”, дар шаш ҷилд (М., 1969–73), “Роман дар адабиёти милали Шуравӣ” (М., 1985), “Таҳқиқи типологии забони русӣ – забони дӯстӣ ва равобити қавмҳо ва миллатҳо” (М.,1984–1987) саҳм гузоштаанд. Ходимони илмии Институт дар ташкил ва гузаронидани Симпозиуми байналхалқии “Назми муосири форсизабонон”(1967) ва конфронсҳои умумииттифоқӣ ва минтақавии “Таъсирпазирӣ ва баҳамтаъсирии фолклори халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон”(1969), “Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ дар адабиёти муосири тоҷик” (1974), “Садриддин Айнӣ ва ҷараёнҳои адабии муосир” “Мирзо Турсунзода ва ҷараёнҳои муосири адабӣ”, “Масъалаҳои дузабонӣ ва такмили таълими забони русӣ” (1984) фаъолона иштирок намудаанд. Ба Институт ташкил ва гузаронидани сессияи ҳарсолаи “Солонаи Айнӣ” вогузор шудааст. То соли 2017 сессияҳои илмии “Солонаи Айнӣ” зиёда аз 40 маротиба баргузор шуда, дар онҳо беш аз 450 гузориши илмӣ, ахбор ва суханрониҳо шунида, баррасӣ шудаанд. Маводди сессияҳои мазкур дар силсилаи “Ҷашнномаи Айнӣ” мунтазам чоп мешаванд. Нашри асарҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, ба чоп расонидани дурдонаҳои мероси мадании гузашта ва намунаҳои эҷодиёти шифоҳии мардум яке аз вазифаҳои асосии Институт маҳсуб меёбад. Институт соли 1941 3 китоб дар ҳаҷми 14 ҷузъи чопӣ нашр карда бошад, ҳоло соле 12-15 асар ба нашр мерасонад, ки ҳаҷми он 200-220 ҷузъи чопиро ташкил медиҳад.

Дар солҳои 1951-86 Институт дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ленинград 435 адад китоб ба табъ расонидааст. Муҳимтарин асарҳои Институт “Луғати русӣ–тоҷикӣ”, дар ду ҷилд (1933–1934) бо иштироки С.Айнӣ; “Намунаҳои адабиёти тоҷик”(1940, бо иштироки бевосита ва зери роҳбарии С.Айнӣ), “Луғати русӣ-тоҷикӣ” (1949, 1985) “Луғати русӣ-тоҷикӣ”(1954), “Ҷамъбасти илмии шеваҳои ҷанубии тоҷикӣ”, дар 5 ҷилд (1979-85), “Грамматикаи забони тоҷикӣ” барои мактабҳои олӣ, Морфология ва синтаксис (қ. 1, соли 1956; қ. 2, соли 1963 ва нашри дуюми ҳарду китоб– солҳои 1984-85); “Фарҳанги забони тоҷикӣ” аз асри X то ибтидои асри XX, дар ду ҷилд (1969); “Очерки таърихи адабиёти шуравии тоҷик”, дар ду ҷилд (солҳои 1956-57), нашри русии он дар як ҷилд–М., 1961); “Очеркҳо оид ба адабиёти тоҷики асри X то ибтидои асри XX”, дар 12 китоб (1976–87); “Таърихи адабиёти советии тоҷик”, дар шаш ҷилд (ҷилдҳои 1–2,4,6 1976–87); “Куллиёти фолклори тоҷик”, дар 35 ҷилд (ҷилди 1, 1981); “Нашри академии асарҳои Абулқосим Лоҳутӣ”, дар шаш ҷилд (1987–90) ва ғ. мебошанд. Институт нашри нави Куллиёти Лоҳутиро дар 7 ҷилд ва Куллиёти устод Айниро дар 22 ҷилд ба чоп расонид.

Барои омӯзиши мероси адабии шоирону нависандагони муосир, нашри интиқодӣ ва илмии чеҳраҳои шинохтаи адабиёт, ҳамчунин ҷовидон сохтани хотираи бузургони адабиёт дар солҳои гуногун дар назди Институт осорхонаҳои адабии Садриддин Айнӣ (1955), осорхонаи М.Раҳимӣ (1968), осорхонаи адабии М.Аминзода дар шаҳри Хуҷанд (1976), осорхонаи адабии М.Турсунзода (1978), осорхонаи А.Лоҳутӣ (1980) таъсис дода шуданд.

Дар заминаи ду муассисаи илмӣ-академӣ – Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ 4 феврали соли 2011 Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки пас аз шаш соли фаъолият бо ин ном дар соли 2017 боз бо номи собиқи худ – Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ имрӯз фаъолият менамояд. Институти мазкур аз муҳимтарин маркази тадқиқу таҳқиқи забон ва адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ва дар маҷмуъ, муассисаи умдаи омӯзиши фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад. Масъулияти нигаҳбонӣ ва ҳифзи тамоми мероси фарҳангии гузашта ва муосир бар дӯши ин муассисаи бонуфузи илмӣ вогузор шудааст.

Аз замони таъсиси Институти таърих, забон ва адабиёт дар солҳои гуногун ба ин муассисаи илмӣ донишмандони зерин сарварӣ кардаанд: узви пайвастаи АМИТ, доктори илми филология, профессор Б.Н.Ниёзмуҳаммадов (1941-1944), профессор Ш.Ҳусейнзода (1944-1947), узви пайвастаи АМИТ, доктори илми филология, профессор А.Мирзоев (1947-1952), узви пайвастаи АМИТ М.Фозилов (1952-1958), доктори илми филология, профессор Х.Мирзозода (1958-1959), узви вобастаи АМИТ Н.А.Маъсумӣ (1959-1972), узви вобастаи АМИТ, профессор А.Маниёзов (1972-2000), узви вобастаи АМИТ, доктори илми филология Д. Саймиддинов (2000-2005), доктори илми филология С.Назарзода (2006-2011), узви пайвастаи АМИТ, доктори илми фалсафа А.Турсунов (2011-2015), узви вобастаи АМИТ, доктори илми филология С. Раҳматуллозода (2015-2019), узви пайвастаи АМИТ, доктори илми филология Н.Салимӣ ( 2019- 2019), номзади илми филология Б. Шарифзода (2020-2022). Феълан директори Институт доктори илми филология Фарангис Шарифзода (13 июли 2022 ) мебошад.

Институт дар даврони Истиқлол аз рӯйи мавзуъҳои илмӣ-таҳқиқотии гуногун кору фаъолият дорад. Дар Институт шаш шуъба – тарихи адабиёт, адабиёти муосир, забони тоҷикӣ, забонҳои бостон ва ориёӣ, фарҳангнигорӣ ва истилоҳот, шуъбаи фолклор ба кору фаъолияти илмӣ-пажуҳишӣ машғуланд. Инчунин дар Институт панҷ ганҷина – ганҷинаи луғат ва истилоҳот, ганҷинаи мероси адабӣ, ганҷинаи сабти овозӣ, ганҷинаи фолклор, ганҷинаи шевашиносӣ нигаҳдорӣ ва ҳифз мешавад.

 # Осорхонаҳои_адабӣ_ёдгорӣБОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ УСТОД АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТӢ ДАР АРАФАИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО15 май, да...
15/05/2026

# Осорхонаҳои_адабӣ_ёдгорӣ
БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ УСТОД АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТӢ ДАР АРАФАИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО
15 май, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода аз осорхонаи Абулқосим Лоҳутӣ боздид намуданд.
Зимни боздид таъкид гардид, ки осорхона аз муҳимтарин марказҳои фарҳангиву адабӣ маҳсуб ёфта, дар ҳифзу муаррифии мероси адабии устод Абулқосим Лоҳутӣ нақши назаррас дорад. Ба меҳмонон оид ба таърихи таъсисёбии осорхона, нигораҳои нодир ва маводи марбут ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир маълумот пешниҳод карда шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз дастхатҳо, аксҳо, китобҳо ва дигар ашёи таърихии маҳфуз дар осорхона дидан намуда, ба фаъолияти кормандони он баҳои баланд доданд.
Ҳамчунин, зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани шароити нигоҳдории осори таърихиву адабӣ, ғанӣ гардондани фонди осорхона ва тавсеаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид шуд, ки эҳтиром ба мероси шахсиятҳои бузурги адабу фарҳанг, аз ҷумла Абулқосим Лоҳутӣ, барои таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад.

14/05/2026

Суханронии постдокторанти соли аввали шуъбаи фолклори Инстититути забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ Оймаҳмадов Рустам дар барномаи "Гардиш"-и ТВ Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

 ҚАҲРАМОНОНИ ДЕҲАИ РЭНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИКИСТОН Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз фоҷиабортарин ва ҳамзамон сарнавиштсозтарин рӯй...
09/05/2026



ҚАҲРАМОНОНИ ДЕҲАИ РЭНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИКИСТОН

Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз фоҷиабортарин ва ҳамзамон сарнавиштсозтарин рӯйдодҳои асри XX ба шумор меравад. Ин ҷанг на танҳо муқовимати низомӣ, балки озмоиши бузурги ахлоқӣ, сиёсӣ ва инсонии халқҳо буд. Барои халқи тоҷик низ он марҳилаи пур аз фидокорӣ, талафот ва қаҳрамонӣ гардид. Рӯзи Ғалаба имрӯз ҳамчун рамзи пирӯзии адолат бар зулм, ваҳдат бар парокандагӣ ва ҳаёт бар марг дар хотираи таърихии миллатҳо ҷойгоҳи вижа дорад.
Тибқи маълумоти таърихӣ, зиёда аз 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба сафи Армияи Шӯравӣ сафарбар гардидаанд. Аз ин шумора тақрибан 92 ҳазор нафар дар майдонҳои ҷанг ҷони худро аз даст додаанд. Ин рақамҳо танҳо омор нестанд, балки таҷассуми сарнавишти ҳазорон хонавода ва дарди муштараки як миллатанд. Сарбозони тоҷик дар муҳорибаҳои муҳими ҷанг, аз ҷумла дар Сталинград, Курск ва Берлин, ширкат намуда, намунаи олии шуҷоат ва устувориро нишон доданд. Даҳҳо нафар бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва ҳазорон тани дигар бо ордену медалҳо сарфароз гардиданд.
Ақибгоҳ — ҷабҳаи дуюми пирӯзӣ
Дар баробари фронт, ақибгоҳ низ нақши ҳалкунанда дошт. Занон, наврасон ва пиронсолон дар шароити ниҳоят душвори иқтисодӣ истеҳсолот ва хоҷагии қишлоқро нигоҳ медоштанд. Тоҷикистон ҳамчун минтақаи муҳими аграрӣ фронтро бо пахта, ғалла ва дигар маводи зарурии ғизоӣ таъмин менамуд. Ин ҳамбастагӣ ва эҳсоси масъулияти умумӣ нишон медиҳад, ки пирӯзӣ танҳо натиҷаи ҷасорати сарбозон набуд, балки маҳсули ирода ва заҳмати тамоми ҷомеа ба ҳисоб мерафт.
Рэн — яке аз куҳантарин деҳаҳои ноҳияи Ишкошими Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон буда, яке аз маконҳои таърихии ноҳияи Ишкошим ба шумор меравад, ки дар соҳили рӯди Панҷ ва дар доманаи кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Помир ҷойгир шудааст. Ин деҳа аз қадимулайём ҳамчун маркази фарҳангӣ, маънавӣ шинохта шуда, бо табиати нотакрор, суннатҳои мардумӣ ва шахсиятҳои донишманду ватандӯсташ маъруф мебошад.
Мавқеи ҷуғрофии Рэн дар масири таърих боис гардидааст, ки ин деҳа дар тӯли асрҳо ҳамчун яке аз маҳалҳои муҳимми фарҳангӣ ва иртиботии минтақа нақш дошта бошад. Сокинони он асосан ба кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ машғул буда, ҳамзамон дар ҳифз ва интиқоли анъанаҳои фарҳангии Бадахшон саҳми назаррас гузоштаанд.
Рэн на танҳо бо табиати зебо ва муҳити кӯҳистонии худ, балки бо фарзандони донишманд, омӯзгорон, шоирон ва шахсиятҳои ватандӯсташ низ маъруф аст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ сокинони ин деҳа, мисли дигар мардуми Тоҷикистон, барои ҳифзи Ватан ба сафи Армияи Шӯравӣ пайвастанд ва дар майдонҳои набард намунаи шуҷоат ва садоқат нишон доданд.
Дар радифи ҳамин фарзандони фидокор, ки бо ҳам хешу пайванд аз як деҳа буданд, деҳаи Рэн бо эҳтироми вижа ёдоварӣ мешавад, ки сарнавишти онҳо имрӯз бахше аз хотираи таърихии деҳа ва миллатро ташкил медиҳад.
Дар баробари таҳлили умумии ҷанг, омӯзиши сарнавишти шахсиятҳои алоҳида барои дарки амиқи таърихи иҷтимоӣ ва инсонӣ аҳамияти махсус дорад.
Яке аз намунаҳои барҷастаи саҳми маҳаллӣ дар ҷанг — деҳаи Рэн, ноҳияи Ишкошим вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мебошад. Аз ин деҳа шаш нафар дар ҷанг иштирок намудаанд:
Ғозибеков Бодурбек (1920–1944)
Ғуломасаинов Дарвешалӣ (1915–1943)
Қадамов Мамадҷон (1915–1943)
Мамадёров Боракалӣ (1915–1943)
Раҳматов Шариф (1910–1970)
Чаҳонгиров Толибшоҳ (1916–1944)
Ин ҳолат нишон медиҳад, ки ҷанг ба сатҳи деҳот таъсири мустақим дошта, тамоми наслҳоро фаро гирифта буд.
Яке аз чунин шахсиятҳо Ғозибеков Бодурбек мебошад.
Сарнавишти як фарзанди бедаракгумшуда
Ғозибеков Бодурбек соли 1920 дар деҳаи Рэн, ноҳияи Ишкошим вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ таҳсилоти ибтидоӣ гирифта, баъдан курси омӯзгориро хатм намудааст ва то соли 1943 ҳамчун омӯзгор фаъолият кардааст. Соли 1943 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват гардида, хизмати ҳарбиро дар қисми ҳарбии 77673 «щз» дар Закавказия анҷом додааст.
Мувофиқи маълумоти мавҷуда, ӯ то охири ҷанг бо оила ва наздиконаш робитаи номавӣ доштааст. Аммо баъд аз соли 1945 сарнавишти ӯ номаълум боқӣ монда, дар рӯйхати сарбозони бедаракгумшуда сабт гардидааст. Ин сарнавишт намунае аз тақдири ҳазорон ҷавони тоҷик аст, ки аз ҷанг барнагаштанд ва номашон дар миёни хотираҳо, номаҳо ва интизории абадии модарону пайвандон зинда монд.
Номаи таърихӣ ҳамчун санади зиндаи замон
аз Ғозибеков Бодурбек - танҳо як нома боқӣ мондааст, ки 13 сентябри соли 1944 ба дӯсташ Андалибзода Азим, сокини деҳаи Яхшволи ноҳияи Ишкошим, ирсол гардидааст. Ин нома бо забони самимӣ ва пурэҳсос навишта шуда, дар он сарбоз аз зиндагии ҳаррӯза, хизмат дар сафи артиш ва орзуи бозгашт ба Ватан ёд мекунад.
Ин нома на танҳо як санади шахсӣ, балки манбаи муҳимми таърихӣ барои омӯзиши ҳолати равонӣ ва иҷтимоии сарбозони тоҷик дар солҳои ҷанг мебошад. Аз миёни ҷумлаҳои содаи он эҳсоси дурӣ аз Ватан, умеди бозгашт ва муҳаббат ба диёр возеҳ эҳсос мегардад.
Аз нигоҳи таърихнигорӣ, омӯзиши чунин сарнавиштҳо барои барқарорсозии хотираи коллективӣ ва такмили дарки таърихи иҷтимоии ҷомеа аҳамияти бузург дорад. Ҷанг на танҳо талафоти ҷисмонӣ, балки талафоти хотираи шахсӣ ва оилавиро низ ба бор овардааст.
Хулоса,
Рӯзи Ғалаба танҳо як санаи таърихӣ нест, балки рамзи пирӯзии арзишҳои инсонӣ бар ваҳшоният ва таҷассумгари қудрати руҳи инсон мебошад. Саҳми халқи тоҷик дар ин пирӯзӣ бузург ва фаромӯшнопазир аст.
Сарнавишти Ғозибеков Бодурбек ҳамчун намунаи як сарбози бедаракгумшуда хотиррасон мекунад, ки таърих аз маҷмӯи сарнавиштҳои инсонӣ иборат аст. Ҳифзи хотираи онҳо, гиромидошти номашон ва омӯзиши осори боқимондаи зиндагии онҳо вазифаи ахлоқӣ, илмӣ ва миллӣ мебошад.

Латифзода Собир Зарифӣ.

09/05/2026

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи ғалаба
09.05.2026
https://president.tj/event/news/55489

Ҳамватанони азиз!

Ҳаштоду як сол муқаддам дар қатори миллионҳо нафар намояндагони дигар давлату миллатҳо бо қаҳрамониву шуҷоат ва ҷоннисориву матонати фарзандони Тоҷикистон низ ҷаҳон аз вабои фашизм озод гардид ва ин сана ҳар сол ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони ақибгоҳ ва мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Рӯзи ғалаба бар фашизм ҳамасола аз ҷониби мардумони сулҳпарвари аксари кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад, зеро инсоният, хусусан, дар шароити пурҳаводиси кунунӣ қадру қимати сулҳу оромӣ ва адолату инсондӯстиро бештар дарк мекунад ва хотираи неку корнамоиҳои гузаштагони худро, ки озодӣ ва ояндаи дурахшони наслҳои имрӯзаро ҳимоя кардаанд, пос медорад.

Ҷанги дуюми ҷаҳон қариб 80 фоизи аҳолии ҷаҳони ҳамонвақтаро фаро гирифта, боиси ҳалокати миллионҳо нафар аҳолии осоишта гардид.

Аз рӯзҳои аввали ҷанг фарзандони мардуми Тоҷикистон дар набардҳои ин ҷанг фаъолона ширкат варзида, саҳми худро дар таъмин намудани пирӯзии таърихӣ гузоштанд.

Тоҷикистон, ки аҳолии он дар оғози ҷанг якуним миллион нафарро ташкил медод, зиёда аз 300 ҳазор нафар фарзандони худро ба ҷанг сафарбар намуд.

Зиёда аз 100 ҳазор нафари онҳо дар майдони набардҳои хунин ҷони худро аз даст дода, қариб 40 ҳазор нафар беному нишон гардиданд.

Барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷик бо ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат бо унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» қадрдонӣ карда шуданд.

Қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони Тоҷикистон таҷассумгари саҳми арзишманди мардуми мо дар ин ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ мебошад.

Хотираи нек ва ҷонфидоиҳои онҳое, ки аз ҷанг барнагаштаанд, фаромӯш нахоҳанд шуд ва эҳтироми собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша ба ҷой оварда мешавад.

Бояд хотирнишон созам, ки саҳми Тоҷикистон на танҳо дар майдони набард, балки дар ақибгоҳ низ назаррас мебошад.

Занону кӯдакон ва калонсолон, бо вуҷуди азобу машаққати гуруснагӣ ва дигар мушкилоти замони ҷанг, шабонарӯзӣ заҳмат кашида, ҳиссаи арзандаи худро барои расидан ба ғалаба гузоштанд.

Мардуми мо, дар ҳоле ки худашон аз норасоии озуқаворӣ ва дигар маҳсулоти ҳаётан муҳим танқисӣ мекашиданд, ба майдони ҷанг ғаллаву озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд.

Илова бар ин, беш аз 45 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари собиқ Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд.

Ҳамчунин, солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор нафар – асосан занону кӯдакон – аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва сарзамини мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.

Имрӯзҳо баъди сипарӣ шудани зиёда аз 80 сол пас аз анҷоми ҷанги фоҷеабор ва даҳшатноктарини асри XX ҷомеаи ҷаҳонӣ боз дар марҳалаи басо мураккаб ва хатарнок қарор дорад.

Махсусан равандҳои хатарбор, аз ҷумла мухолифатҳои шадиди қудратҳои ҷаҳонӣ, амалиётҳои ҷангӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона, авҷ гирифтани мусаллаҳшавии бошитоб, ҷангҳои «гибридӣ» ва «сард», густариш ёфтани фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои террористиву экстремистӣ ҳаёти осоишта, суботу оромӣ ва рушду пешрафти аҳолии сайёраро ба таври ҷиддӣ халалдор карда истодаанд.

Тоҷикистон, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид, аз оқибатҳои фоҷиабору сангини чунин равандҳо хуб огоҳ мебошад.

Аз ин рӯ, мо ба масъалаи таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар тамоми ҷаҳон афзалият медиҳем ва ҳамеша ҷонибдори бо роҳҳои осоишта ҳаллу фасл гардидани ҳама гуна мухолифату низоъҳо мебошем.

Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ ва пояҳои давлатдории тоҷикон барои ҳар як шаҳрванди огоҳ ва бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад.

Бо итминони комил иброз медорам, ки мардуми мо, хусусан, ҷавонони ватандӯсту ватанпараст минбаъд низ бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва суботи комили кишварамон неъматҳои бебаҳо – сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагиро ҳифз мекунанд ва таҳким мебахшанд.

Бори дигар иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва сокинони кишварро ба ифтихори 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Ҷашни ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #Тоҷикистон #Таджикистан #Президент #Тоҷикон #Таджики #Душанбе

Address

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ/21
Dushanbe
734025

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00

Telephone

+9922272907

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Институти забон ва адабиёт /Tajik Institute of language and literature posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The University

Send a message to Институти забон ва адабиёт /Tajik Institute of language and literature:

Shortcuts

Share