24/10/2026
КОНФЕРЕНСИЯИ II БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «РУШДИ НИЗОМИ МЕНЕҶМЕНТ ВА МАРКЕТИНГ ДАР ШАРОИТИ ИҚТИСОДИ САБЗ» БАРГУЗОР ГАРДИД
24 октябри соли 2026 бо ибтикори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Конференсияи II байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи «Рушди низоми менеҷмент ва маркетинг дар шароити иқтисоди сабз» баргузор гардид.
Дар конференсия олимони варзидаи ватаниву хориҷӣ, муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён ва магистрантон иштирок намуданд.
Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷамшед Машокиров ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Мавсуф таъкид кард, ки иқтисоди сабз ва гузариш ба энергияи тоза яке аз меҳварҳои асосии Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба шумор меравад. Дар стратегияҳои давлатӣ, аз ҷумла «Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023–2037», ин самт ҳамчун омили муҳими таъмини рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа муайян гардидааст.
Дар робита ба ин, мавсуф аз таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зарурати таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба дониш ва навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирии таъсири тағйирёбии иқлимро муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар, бо сухани шодбошӣ баромад намуда, иштирокчиёни конференсияро хайрамақдам гуфт. Ректори донишгоҳ аҳаммияти рушди иқтисоди сабзро дар шароити муосир таъкид намуда, иброз дошт, ки истифодаи самараноки захираҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва ташаккули низоми идоракунии устувор аз омилҳои муҳимми рушди иқтисоди миллӣ ба шумор мераванд.
Мавсуф бо қаноатмандӣ таъкид намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони баландихтисос дар самтҳои менеҷмент ва маркетинг саҳми назаррас дорад. Имрӯз хатмкунандагони ин ихтисосҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ фаъолият намуда, дар рушди онҳо саҳм мегузоранд. Ҳамзамон, ӯ аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳои илмиро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба ва дарёфти роҳҳои нави ҳалли масъалаҳои иқтисодиву экологӣ муҳим арзёбӣ кард.
Дар идомаи конференсия маърӯзаҳои илмии олимони варзидаи ватаниву хориҷӣ шунида ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла:
• Салимбаева Шолпан Дисенбаевна, магистри илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори калони кафедраи «Молия ва иқтисод»-и Донишгоҳи инноватсионӣ-технологии Ғарбии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, дар мавзуи «Иқтисоди “сабз” ва рақамӣ: оптимизатсияи хароҷоти буҷети давлатӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Қазоқистон)»;
• Зайналов Ҷаҳонгир Расулович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи «Молия»-и Донишкадаи иқтисод ва хизматрасонии Самарқанд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар мавзуи «Таъсири рушди инноватсионии корхонаҳо ба вазъи экологии минтақа»;
• Алиева Сусанна Сейрановна, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи «Молия»-и Донишкадаи иқтисод ва хизматрасонии Самарқанд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар мавзуи «Вомбаргҳои сабз ва сармоягузории ESG: тамоюлҳои ҷаҳонӣ ва таҷрибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон»;
• Саидова Мунаввар Ҳамидовна, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар мавзуи «Парадигмаи трансформатсияи рушди менеҷмент дар шароити иқтисоди платформавӣ дар Тоҷикистон»;
• Урунова Сарвиноз Азизовна, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар мавзуи «Рушди маркетинг дар давраи иқтисоди сабз дар Тоҷикистон: вазъи кунунӣ, дурнамо ва самтҳои такмил».
Дар идомаи чорабинӣ профессорон Раҷаб Раҷабов, Мунаввар Саидова, Қобилҷон Толибзода ва Саидаҳмад Зубайдов дар музокира иштирок намуда, доир ба мавзуи баррасишаванда андешаҳо, пешниҳодҳо ва тавсияҳои судманд иброз доштанд. Мубодилаи афкор ва баррасии масъалаҳои муҳими рушди иқтисоди сабз барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ замина фароҳам овард.
Дар фарҷоми конференсия маърӯзачиён аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо сипосномаҳо ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Конференсия дар таҳкими робитаҳои илмии байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва табодули таҷриба дар самтҳои менеҷмент, маркетинг ва иқтисоди сабз нақши муҳим гузошт.