Шуъбаи кор бо ҷавонони ДМТ/Department of Youth Affairs of TNU

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Шуъбаи кор бо ҷавонони ДМТ/Department of Youth Affairs of TNU

Шуъбаи кор бо ҷавонони ДМТ/Department of Youth Affairs of TNU Шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ДМТ яке аз воҳидҳои таркибии сохтори донишгоҳ мансуб меёбад.

🏃‍♂️ Дастоварди навбатии донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ.          Рӯзҳои 1–2 августи со...
02/08/2026

🏃‍♂️ Дастоварди навбатии донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ.
Рӯзҳои 1–2 августи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниммарафони 5-уми байналмилалии кӯҳии экологӣ «Ҳафткӯл (Seven Lakes)» баргузор гардид, ки дар он варзишгарон аз 6 давлат иштирок намуданд.
Дар ин мусобиқа донишҷӯи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Яқубов Мустафо дар сабқат аз рӯйи масофаи 3 километр бо нишондиҳандаи хуб ҳунарнамоӣ намуда, ҷойи дуюм-ро соҳиб гардид ва бо медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуд.
Ин дастоварди арзанда натиҷаи меҳнату машқҳои пайвастаи варзишгар ва саҳми омӯзгорону мураббиёни кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши донишгоҳ мебошад.

23/07/2026

Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

23/07/2026

Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон ва маросими истиқболи расмӣ

21 июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони марказии шаҳри Уланбатори Муғулистон, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид.

Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Муғулистон, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат ҷараён гирифта, баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб анҷом ёфт.

Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

23/07/2026

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон

21 июл баррасии масоили ҳамкорӣ дар суҳбати хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух оғоз гардида, дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳо идома ёфт.

Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди пазироӣ изҳори сипос намуда, изҳори итминон доштанд, ки “натиҷаҳои мулоқоту музокироти имрӯза ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории судманди дуҷонибаи мо такони тоза хоҳанд бахшид”.

Ҷонибҳо аз рушди бемайлони робитаҳои сиёсии ду кишвар ёдовар шуда, ба тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ ҳамчун воситаи муассири таҳкими эътимоди сиёсӣ аҳаммияти махсус доданд.

Дар рафти музокирот ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, сохтмон ва рушди зерсохтор, кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, содироти меваю сабзавоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Муғулистон, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Пешниҳод шуд, ки барои мусоидат ба рушди ҳамкории судманди дуҷониба Гурӯҳҳои муштараки корӣ дар соҳаҳои энергетика ва сохтмон ва рушди инфрасохтор таъсис дода шавад.

Саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ гашт.

Фаъолияти мунтазами Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои ҳамоҳангсозии маҷмӯи робитаҳои дуҷониба ва ҷалби сармоягузорӣ муҳим дониста шуд.

Зикр гардид, ки ҳамкории гуманитарӣ ҷанбаи дигари муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон мебошад. Дар ин самт, бо қаноатмандӣ аҳамияти баргузории Рӯзҳои фарҳанги кишварҳо дар қаламрави якдигар таъкид гардид.

Густариши минбаъдаи робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва академӣ, марказҳои таҳлилӣ ва дигар муассисаҳои соҳавии ду кишвар самти дигари ҳамкорӣ номида шуд.

Гуфта шуд, ки дар соҳаҳои сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш низ имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ мавҷуд аст.

Аз Муғулистони дӯст барои дастгирӣ аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ва дигар пешниҳодҳои ҷаҳонии кишвари мо, бахусус дар соҳаҳои обу иқлим изҳори сипос карда шуд.

Дар ин зимн аҳаммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду ҷониб дар чорчӯби Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ бахусус таъкид гардид.

Табодули судманди афкор, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб сурат гирифт.

23/07/2026
23/07/2026

Мо ба рушду таҳкими пайвастаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Муғулистони дӯст дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб аҳаммияти хос медиҳем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН

Address

Dushanbe

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Шуъбаи кор бо ҷавонони ДМТ/Department of Youth Affairs of TNU posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share