26/10/2026
🇹🇯📈📖ХУШХАБАР🇹🇯📈📖
📙Изатшоева Махфират Шанбиевна донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси забони англисии факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз рӯйи номинатсияи сарояндагӣ, жанри эстрадӣ (синни 18 то 35 сола) фаъолона иштирок намуда, сазовори мақоми сеюм гардид.
🤝📚Ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Изатшоева Махфират Шанбиевнаро бо ин дастоварди фарҳангӣ табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдаи ӯ муваффақияту пешравиҳоро таманно доранд.
Амид Комилбеков