29/04/2021
Мулоқоти судманд бо сокинони маҳаллаҳои Раззоқ ва Мевағул
Тибқи нақша – чорабиниҳои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси Шӯрои вилоятӣ Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст, бо мақсади тақвияти корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ вобаста ба муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, тарғиби сиёсати ваҳдатофари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷиноятсодиркунӣ, шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хатарҳои замони муосир, хуруфотпарастиву ғояҳои бегонаи ифротӣ, хушунат нисбат ба занону духтарон, фавти модару кӯдак, худкушӣ аз ҷониби ҷавонон ва тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори милливу ватандорӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, фарҳангу арзишҳои милливу давлатӣ ва умумибашарӣ, ташвиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо омилҳои коррупсионӣ ва нашъамандӣ, риояи қатъии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоту вохӯриҳои судманд бо сокинони маҳаллаҳо баргузор гардиданд.
Тибқи нақшаи мазкур санаи 28 апрели соли равон вохӯрию мулоқоти ҳайати таблиғотии Шӯрои вилоятӣ дар мавзӯи «Истиқлолу Ваҳдат поянда бод!» ва «Экстремизму терроризмро маҳкум мекунем!» дар маҳаллаҳои Раззоқ ва Мевағули шаҳри Хуҷанд бо сокинони ин маҳал доир гардид. Дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, сардори шуъбаи ташхиси криминалистии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковники милитсия Шарифзода Эҳсон, сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Гадойбоева Гулнора Қаҳҳоровна, мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Усмонов Қобилҷон ва аъзои Шӯрои фаъолзанони вилоят Хайринисо Раҳимова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки ҳар як кишвар барои худ фароҳам сохтани шароити мусоиди беруна баҳри таъмини манфиатҳои миллии он – сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳоро вазифаи асосии худ медонад. Пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро 9 сентябри соли 1991 эълон намуд. Истиқлолият худ шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон мебошад. Имрӯз кишвари соҳибистиқлоли мо низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланд ва мутамаддини тоҷик аст. Яке аз самтҳои дастовардҳои мо баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сохтмони иншооти азими аср НОБ – и Роғун, сохтмону таҷдиди ҳазорҳо киллометр роҳҳои дохиливу байналмилалӣ, дар ҷодаи таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки ҳадафи дигари олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, пешрафти соҳаи кишоварзӣ, таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон ва нафақаи калонсолон, таъсис дода шудани ҷоизаву грантҳои давлататӣ вобаста ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо як қатор давлатҳову шарикони рушд ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат, фароҳам овардани шароиди мусоид барои кору фаъолият ба аҳолии мамлакат ҳамаи ин далели раднопазирии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат маҳсуб меёбад. Тамоми пешравиҳо дар ҳамаи самтҳо маҳз ба шарофати Истиқлолият ва кӯшишҳои Пешвои маҳбуби миллат ба даст омадааст. Маҳз соҳибистиқлолии мамлакати мо буд, ки имрӯз ҷаҳониён давлати тозабунёди тоҷиконро дар масири ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, иҷтимоиву низоми демократӣ ҳамчун яке аз давлатҳои аз лиҳози сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ давлати пуриқтидор мешиносанду эътироф менамоянд.
Баъди баромадҳои пурмӯҳтаво иштирокчиён миннатдории хешро ҷиҳати баргузории чунин мулоқоту вохӯрии судманд иброз намуданд.