29/09/2026
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАҲОИ ПАДАРУ МОДАРОН ДАР ГУРӮҲҲОИ АКАДЕМӢ
Дар МД «Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд»-и ДБССТ бо мақсади таҳкими ҳамкории муассисаи таълимӣ бо падару модарон, баланд бардоштани масъулияти онҳо дар таълиму тарбияи фарзандон ва пешгирии ҳолатҳои номатлуб баргузории ҷаласаҳои падару модарон дар гурӯҳҳои академӣ оғоз гардид.
Ҷаласаҳо тибқи нақша дар гурӯҳҳои академӣ бо навбат баргузор гардида, дар рафти онҳо масъалаҳои муҳими вобаста ба раванди таълиму тарбия, аз ҷумла сатҳу сифати таҳсил, иштироки мунтазам ва фаъоли донишҷӯён дар дарсҳо, риояи интизоми дохилии муассиса, муносибати масъулиятнок ба таҳсил, одоби муошират, риояи талаботи либоси ягона ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни ҷаласаҳо ба падару модарон оид ба зарурати назорати мунтазами раванди таҳсил, иштироки фарзандон дар дарсҳо, иҷрои саривақтии вазифаҳои таълимӣ ва риояи қоидаҳои муқарраргардидаи муассиса тавзеҳоти зарурӣ дода шуд.
Ҳамзамон, падару модарон бо талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» шинос карда шуда, нақши онҳо дар таълиму тарбияи фарзанд, назорати рафтору фаъолияти донишҷӯён ва ҳамкории мунтазам бо муассисаи таълимӣ таъкид гардид.
Дар рафти вохӯриҳо масъалаҳои пешгирии бе сабаб дар дарсҳо ҳозир нашудан, дер омадан ба дарсҳо, риоя накардани интизоми дохилӣ ва дигар ҳолатҳои эҳтимолии номатлуб мавриди муҳокима қарор гирифта, ба падару модарон тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.
Ҳамчунин, бо баъзе падару модарон дар алоҳидагӣ суҳбатҳо гузаронида шуда, вобаста ба рафтор, иштироки фарзандонашон дар дарсҳо, муносибати онҳо ба таҳсил ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон тавсияҳои зарурӣ дода шуданд.