Institute of Economy and Trade of TSUC - IET TSUC

Institute of Economy and Trade of TSUC - IET TSUC Шабакаи иҷтимоии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ш.Хуҷанд

Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» (ДИС ДДТТ)

Государственное образовательное учреждение «Институт экономики и торговли Таджикского государственного университета коммерции в г. Худжанде» (ИЭТ ТГУК)

20/08/2026

📺 НАВОРИ ТВ «АЗИЯ» АЗ РАФТИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДИС ДДТТ

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти донишкада ва дастовардҳои муҳим дар самтҳои таълим, илм, тарбия, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рафти нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои фаъолияти ДИС ДДТТ шинос шуда, оид ба дастовардҳои донишкада, рушди инфрасохтори таълимӣ, омодасозии мутахассисони соҳибкасб ва нақшаҳои минбаъдаи муассиса маълумот гирифтанд.

🎥 Гузориши телевизиони «Азия» аз рафти нишасти матбуотӣ ва дастовардҳои Донишкадаи иқтисод ва савди ДДТТ.

#ДИСДДТТ #Донишкада #НишастиМатбуотӣ #ТВАзия #Дастовардҳо #Маориф #Илм #Таълим

📢 ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲОИ ДОВТАЛАБОН БАЪД АЗ ТАҚСИМОТИ ДУЮМДар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикис...
17/08/2026

📢 ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲОИ ДОВТАЛАБОН БАЪД АЗ ТАҚСИМОТИ ДУЮМ

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳои довталабон баъд аз тақсимоти дуюм идома дорад.

📅 Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: аз 17 то 21 августи соли 2026.

Довталабоне, ки тибқи натиҷаи тақсимоти дуюм ба Донишкада роҳ ёфтаанд, метавонанд дар муҳлати муқарраршуда ҳуҷҷатҳои худро ба комиссияи қабули Донишкада пешниҳод намоянд.

📄 Қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби комиссияи қабул анҷом дода мешавад.

📍 Суроға: шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

⏰ Довталабонро зарур аст, ки ҳуҷҷатҳои худро дар муҳлати муайяншуда пешниҳод намоянд.

🎓 ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОН – 2026
Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон қабули довталабонро барои зинаҳои бакалавр, магистратура ва идомаи таҳсил эълон менамояд.

📖Ҳуҷҷатҳо барои қабул:

📚 Бакалавр
• Шиноснома;
• Аттестат (асл);
• Маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у);
• 6 дона сурат (андозаи 3х4см);
• Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).
• Нусхаи билети ҳарбӣ (барои мардон).

🎓 Магистратура:
• Шиноснома;
• Диплом бо замима (асл);
• Маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у);
• 6 дона сурат (андозаи 3х4см);
• Реферат бо тақриз;
• Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).
• Нусхаи билети ҳарбӣ (барои мардон).

📖 Идомаи таҳсил ва таҳсилоти олии дуюм:
• Шиноснома;
• Диплом бо замима (асл);
• Маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у);
• 6 дона сурат (андозаи 3х4см);
• Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).
• Нусхаи билети ҳарбӣ (барои мардон).

✨ Бо интихоби Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, Шумо ба муҳити муосири таълимӣ, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва имкониятҳои васеи рушди илмӣ ва касбӣ қадам мегузоред.
📍 Тамос бо мо: суроға Хуҷанд, Хиёбони И.Сомонӣ 169.
📞 +992 92 013 1111
🌐 iet.tj

#комиссияиқабул, #қабул2026, #ДИСДДТТ, #ДонишкадаиИқтисодВаСавдо

🌟 РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 🌟Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе як силсила ч...
14/08/2026

🌟 РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 🌟

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе як силсила чорабиниҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва маърифатӣ баргузор гардиданд.

Яке аз чунин чорабиниҳои муҳиму ҷолиб Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии вилояти Суғд мебошад, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дастовардҳо, имкониятҳо ва маҳсулоти гуногуни истеҳсолии вилояти Суғдро муаррифӣ намуд.

Дар ин чорабинии муҳим, дар қатори дигар муассисаю ташкилотҳо, намояндагони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар муаррифии дастовардҳо ва имкониятҳои вилояти Суғд гузоштанд.

🤝 Иштироки фаъол дар чунин чорабиниҳо барои таҳкими ҳамкориҳо, муаррифии дастовардҳои муассисаҳо, рушди робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ ва баланд бардоштани нақши вилояти Суғд дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар аҳамияти муҳим дорад.

🇹🇯 Вилояти Суғд — сарзамини имкониятҳо, меҳнати созанда ва дастовардҳои бузург!

#РӯзҳоиФарҳангиСуғд #ВилоятиСуғд #Душанбе #ДИСДДТТ #Намоишгоҳ #МаҳсулотиСаноатӣ #МаҳсулотиКишоварзӣ #ИстиқлолиДавлатӣ

13/08/2026
Муҳтарам Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор, уз...
12/08/2026

Муҳтарам Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ва муҳтарам мутаххасисони баландтихтисос ва арҷманди Комиссияи олии аттестатсионӣ!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза Шумо ва тамоми аҳли коллективи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 12 - солагии таъсисёбии Комиссияи олии аттестатсионӣ ва ҷашни муқаддасу фархундаи миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва муборакбод менамоем.
Рост омадани ин ду санаи муҳими таърихӣ аҳамияти хосса ва рамзӣ дорад. Зеро Истиқлоли давлатӣ ҳамчун муҳимтарин дастоварди миллат барои ташаккули низоми мустақили давлатдорӣ, рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, аз ҷумла илму маориф, заминаи устувор фароҳам овард. Дар ҳамин давраи созандаву таърихӣ низоми аттестатсияи давлатии илмӣ ташаккул ёфта, барои арзёбии фаъолияти илмӣ, рушди иқтидори кадрии мамлакат ва омода намудани насли нави олимону муҳаққиқон заминаҳои мусоид фароҳам овард.
Агар 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рамзи соҳибдавлатӣ, худшиносии миллӣ, сулҳу ваҳдат, рушди устувор ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол бошад, пас 12-солагии Комиссияи олии аттестатсионӣ яке аз нишондиҳандаҳои рушди низоми илмӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба таҳкими неруи зеҳнӣ ва кадрии кишвар мебошад. Маҳз дар фазои истиқлолу соҳибихтиёрӣ имконият фароҳам омад, ки низоми омодасозӣ ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ дар кишвар ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуда, барои рушди илмҳои бунёдӣ ва амалӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ва тарбияи олимони ҷавон тадбирҳои пайгирона амалӣ карда шаванд.
Дар ин замина, фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад. Комиссия ҳамчун ниҳоди муҳими соҳаи илм дар таъмини арзёбии объективии сатҳи илмӣ ва тахассусии муҳаққиқон, баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ, тақвияти масъулияти илмӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос нақши муҳим дорад.
Дар тӯли 12 соли фаъолияти худ Комиссияи олӣ роҳи назаррасеро тай намуда, дар ташаккули низоми муосири аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ин фаъолияти пурмасъулият дар шароите амалӣ мегардад, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди илм ва маорифро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намудаанд.
Аз ин рӯ, ҷашни 12-солагии Комиссияи олии аттестатсионӣ дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ на танҳо як санаи тақвимӣ, балки фурсати муносиб барои арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони Истиқлол, заҳматҳои аҳли илм ва саҳми ҳар як корманди соҳаи аттестатсияи илмӣ дар рушди иқтидори зеҳнии кишвар мебошад.
Ин ду ҷашн моро водор месозанд, ки ба роҳи тайкардаи давлати соҳибистиқлол назар андозем ва дар баробари шукргузорӣ аз дастовардҳои бадастомада, барои ояндаи боз ҳам дурахшони илми тоҷик масъулияти бештар эҳсос намоем. Зеро истиқлоли сиёсӣ бе истиқлоли фикрӣ ва рушди илмию маърифатӣ комил буда наметавонад. Қудрати воқеии давлат дар баробари иқтисоди қавӣ ва суботи сиёсӣ ба неруи зеҳнӣ, дониш, илм ва кадрҳои соҳибмаърифат такя мекунад.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, ба Шумо, муҳтарам Раис Давлатзода С.Х,, ва тамоми кормандони Комиссияи олии аттестатсионӣ саломатии комил, умри дароз, саодати рӯзгор, неруи тоза ва дар фаъолияти пурмасъулияти касбӣ дастовардҳои бузурги илмӣ орзу менамоям. Бигзор фаъолияти минбаъдаи Комиссия боз ҳам самаранок гардида, дар омодасозии олимони ҷавон, рушди иқтидори илмии кишвар, баланд бардоштани нуфузи илми тоҷик ва таҳкими заминаҳои рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорад.
Бо итминон таманно дорем, ки таҳти сиёсати созандаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, илму маорифи кишвар пайваста рушд намуда, олимону муҳаққиқони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд. Ба Тоҷикистони азиз - сулҳу суботи ҷовидона, ба миллати тоҷик - ваҳдату сарбаландӣ ва ба аҳли илм - дастовардҳои нави созандаву тақдирсоз орзумандем!


Бо камоли эҳтиром,
Директори Донишкадаи иқтисод
ва савдои Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд
н.и.и., дотсент Ҷалилзода А.А.

НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 202610 ав...
10/08/2026

НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026

10 августи соли 2026 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишкада дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ, профессор Тоҷибой Султонӣ иштирок намуд.

Нишастро директори Донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҷалилзода А.А. ифтитоҳ намуда, доир ба фаъолияти Донишкада дар шаш моҳи аввали соли 2026 маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Зикр гардид, ки Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ фаъолияти худро дар заминаи татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва рушди фаъолияти илмӣ равона намудааст.

Айни замон дар Донишкада се факултет ва 12 кафедра фаъолият дошта, раванди таълим дар чор бинои таълимии замонавӣ ба роҳ монда шудааст. Дар муассиса аз рӯйи 33 ихтисоси бакалавриат, 9 ихтисоси магистратура ва 4 ихтисоси докторантура (PhD) мутахассисон омода карда мешаванд.

Дар нимсолаи аввали соли 2026 шумораи умумии ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишкада 310 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 225 нафар ба ҳайати профессорону омӯзгорон шомил мебошанд. Шумораи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ 90 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи натиҷаҳои сессияи тобистонаи соли таҳсили 2025–2026, нишондиҳандаи пешрафти донишҷӯён 96,4 фоиз ва сифати таҳсил 40,6 фоизро ташкил дод.

Соли 2026 Донишкадаро 757 нафар хатм намудаанд. Аз ин шумора 359 нафар дар шуъбаи рӯзона, 359 нафар дар шуъбаи фосилавӣ ва 39 нафар дар зинаи магистратура таҳсилро ба анҷом расонидаанд. 67 нафар хатмкунанда соҳиби дипломи аъло гардида, 543 нафар ё 86 фоиз бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Донишкада дар доираи мавзӯи илмии панҷсолаи «Модернизатсияи иқтисоди рақамӣ: нақш ва аҳамияти зеҳни сунъӣ ва технологияҳои инноватсионӣ» барои солҳои 2026–2030 ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби омӯзгорони Донишкада 82 адад комплекси таълимӣ-методӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ, аз ҷумла 5 китоби дарсӣ, ба нашр расонида шуд.

Дар самти рушди робита бо истеҳсолот низ натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Донишкада бо зиёда аз 300 субъекти хоҷагидорӣ, аз ҷумла корхонаҳо, ширкатҳо, бонкҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Танҳо дар соли таҳсили 2025–2026 18 шартномаи нави ҳамкорӣ баста шуда, шумораи мутахассисони соҳавии аз корхонаҳо ва ташкилотҳо барои иштирок дар раванди таълим ҷалбшуда ба 14 нафар расидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба рушди фаъолияти байналмилалӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Юнон, Финляндия, Испания, Хорватия, Лаҳистон, Литва, Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Дар доираи барномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Erasmus+ KA171, Jean Monnet, AGREENTAJ ва Fulbright Specialist, як қатор чорабиниҳо ва лоиҳаҳо амалӣ гардиданд.

Дар натиҷаи фаъолияти маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ 15 нафар омӯзгор барои такмили ихтисос ва табодули таҷриба ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ сафарбар гардида, 19 нафар донишҷӯ дар барномаҳои мубодилаи байналмилалӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ 27 нафар коршинос ва мутахассисони хориҷӣ ба Донишкада ташриф оварда, бо омӯзгорону донишҷӯён мулоқоту вохӯриҳои илмӣ ва таълимӣ баргузор намуданд.

Дастовардҳои донишҷӯёни Донишкада дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ низ назаррас арзёбӣ гардиданд. Аз ҷумла, магистранти курси дуюми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон Бойматова Самира дар озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» сазовори ҷойи якум гардид. Донишҷӯёни Донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтирокори ҷавон» низ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм шуданд.

Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ як қатор донишҷӯёни Донишкада аз фанҳои гуногун ғолибият ба даст оварда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар баробари фаъолияти таълимӣ ва илмӣ, ба корҳои тарбиявию маърифатӣ ва дастгирии иҷтимоии донишҷӯён низ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Дар нимсолаи аввали соли 2026 дар Донишкада 195 чорабинии ғоявию сиёсӣ, маданию фарҳангӣ, ахлоқиву маънавӣ, маърифативу ҳуқуқӣ, экологиву зебоипарастӣ ва варзишӣ баргузор гардид.

Айни ҳол дар Донишкада 7 нафар донишҷӯи ятими кулл таҳсил намуда, тибқи қарори Шурои олимон онҳо аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод мебошанд. Ҳамзамон, ба донишҷӯёни нимятим, дорои маъюбият ва аз оилаҳои ниёзманд тавассути ҳамкории Донишкада бо шарикони рушд ва ташкилоту муассисаҳои гуногун кӯмаки молиявӣ расонида мешавад. Ҳаҷми маблағи пардохтшуда барои таҳсили як қисми ин донишҷӯён зиёда аз 74 ҳазор сомонӣро ташкил медиҳад.

Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ доир ба самтҳои асосии фаъолияти Донишкада, дастовардҳои таълимӣ ва илмӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, рақамикунонии раванди таълим ва нақшаҳои минбаъдаи муассиса маълумот пешниҳод гардида, ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посухҳои мушаххас дода шуданд.

Нишасти матбуотӣ дар фазои озоду созанда баргузор гардида, таъкид шуд, ки Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди илму инноватсия, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд. Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ дар вазъияти тантанавӣ ба намояндагони васоити ахбори омма барои ҳамкории судманд ва инъикоси дастоварду комёбиҳои муассисаи таълимӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

📍 Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

#ДИСДДТТ #ДДТТ #ДонишкадаиИқтисодВаСавдо #Хуҷанд #НишастиМатбуотӣ #НатиҷаҳоиФаъолият #Маориф #Таҳсилот #Илм #Инноватсия #ИқтисодиРақамӣ #ЗеҳниСунъӣ #Донишҷӯён #Ҷавонон #ҲамкориҳоиБайналмилалӣ #Дастовардҳо #Тоҷикистон #Суғд

Address

Somoni Avenue 169
Khujand
735700

Opening Hours

Monday 08:00 - 18:00
Tuesday 08:00 - 18:00
Wednesday 08:00 - 18:00
Thursday 08:00 - 18:00
Friday 08:00 - 18:00
Saturday 08:00 - 18:00

Telephone

342260321

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Institute of Economy and Trade of TSUC - IET TSUC posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The University

Send a message to Institute of Economy and Trade of TSUC - IET TSUC:

Shortcuts

Share