Khujand Polytechnic institute of Tajik Technical University

Call Directions Website Contact the university

Khujand Polytechnic institute of Tajik Technical University Khujand Polytechnic Institute of TTU named after acad. M.S.Osimi (KPI TTU) was founded in 2010. Available fields of study/research

It is a State Educational Institution of Higher Education in the field of Engineering and IT Technologies. VISIONS OF THE FUTURE
Khujand Polytechnic Institute of Tajik Technical University is a young, expanding institution with great potential for development. Today, it is working resolutely to develop its research, guaranteeing the quality of its operational activities and extending the scope of its international networking. HISTORY
The Institute grew out of the Khujand Branch of Tajik Technical University (founded in 1980) and Khujand Branch of Technological University of Tajikistan (founded in 1992). These two institutions came together to form the Khujand Polytechnic Institute of Tajik Technical University (KPITTU) in 2010. LOCATION
KPITTU is a public research institute located in Khujand, which is one of the oldest cities in Central Asia, dating back about 2,500 years. It is situated on the Syr Darya at the mouth of the Fergana Valley and was a major city along the ancient Silk Road. FIELDS OF STUDY/RESEARCH
The Institute offers 19 Bachelor's, 17 Master's and 9 PhD programs through its four faculties and research is conducted in 12 different areas.

МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШКАДА БО ДОНИШҶӮЁНИ СОЛИ АВВАЛИмрӯз санаи 23.10.2026 сол дар толори донишкада вохӯрии директори ...
23/10/2026

МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШКАДА БО ДОНИШҶӮЁНИ СОЛИ АВВАЛ

Имрӯз санаи 23.10.2026 сол дар толори донишкада вохӯрии директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Хурсанд Содиқзода бо донишҷӯёни соли аввал баргузор шуд. Дар мулоқот донишҷӯёни соли аввали ҳамаи ихтисосҳо, муовинони директор оид ба таълим, тарбия, илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, декани факултетҳо ва омӯзгорон ширкат варзидаанд.
Хурсанд Содиқзода, директори донишкада мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки соли таҳсили ҷорӣ ба зинаи бакалавриат 1425 нафар, зинаи магистратура 28 нафар ва зинаи докторантура 2 нафар қабул гардидаанд. Ҳамзамон, боиси ифтихор ва сарфарозист, ки 9 нафар ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» тавассути суҳбат ба сафи донишҷӯёни донишкада пазируфта шудаанд. Инчунин, 10 нафар довталаби дигар бо нишондиҳандаҳои баланди таълимӣ - аз 351 то 425 хол - тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишкада дохил гардидаанд. Дар баромади худ директори донишкада 27 нафар донишҷӯёни курси 1, ки дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳр, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоён гирифтаан, маърифи кардаанд.
Таъкид карда шуд, ки қабули чунин ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод натиҷаи таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлат ба рушди сармояи зеҳнӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзишу рушди неруи эҷодии ҷавонон мебошад. Дар ин замина, донишкада минбаъд низ барои тарбияи мутахассисони соҳибмаърифат, рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ талош хоҳад кард.
Дар идомаи вохӯрӣ муовини директор оид ба таълим Мазбут Холиқзода баромад намуда, доир ба раванди таълиму тарбия, масъалаи пешгирии коррупсия ва роҳҳои муқовимат ба ин зуҳуроти номатлубро дар донишкада мавриди маълумоти муфассал дод.
Дар идомаи вохӯрӣ сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишкада Сафархон Алиев оид ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ баромад намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандии донишҷӯён андешаронӣ намуд.
Муовини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилаи Фарҳод Маҳмудӣ масъалаҳои рушди илм ва таҳкими робитаҳои байналмилалии донишкада мавриди баррасӣ намуда, таъкид дошт, ки дар шароити рушди босуръати илму техника ва технологияҳои муосир баланд бардоштани сатҳи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ба таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи натиҷаҳои онҳо дар раванди таълим аз самтҳои муҳими фаъолияти донишкада ба ҳисоб мераванд.
Дар анҷоми мулоқот донишҷӯи соли якум Мунирҷон Рӯзиев барои ташкил ва баргузории чунин вохӯрии судманд ба роҳбарияти донишкада ва шахсони масъул изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

КОНФРОНС: «РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ МИНТАҚА: ИННОВАТСИЯҲО, РАҚАМИКУНОНӢ ВА ИҚТИСОДИ САБЗ», Имрӯз дар толори донишкада бо ...
23/10/2026

КОНФРОНС: «РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ МИНТАҚА: ИННОВАТСИЯҲО, РАҚАМИКУНОНӢ ВА ИҚТИСОДИ САБЗ»,

Имрӯз дар толори донишкада бо иштироки олимони дохилию хориҷӣ конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ таҳти унвони «Рушди устувори иқтисоди минтақа: инноватсияҳо, рақамикунонӣ ва иқтисоди сабз» баргузор шуд.
Директори донишкада Хурсанд Содиқзода конфронсро ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки муҳиммияти мавзӯи конференсияи имрӯза, пеш аз ҳама, аз сиёсати бунёдкорона, ташаббусҳо ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Сарвари давлат дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ, ворид намудани инноватсияҳо ва афзалият додан ба «иқтисоди сабз» кафолати асосии рушди устувори мамлакат ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад.
Имрӯзҳо дар кишвар як қатор консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар ин самт марҳила ба марҳила амалӣ гашта, саноатикунонии босуръати мамлакат давом ёфта истодааст. Мақсади асосии ҳамоиши имрӯза муҳокима намудани муаммоҳои ҷойдошта дар ин раванд, шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафта ва натиҷаи корҳои илмии олимони ва пешниҳоди тавсияҳо доир ба таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва минтақаҳои он мебошад.
Дар кори конференсия меҳмонон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд , олимони донишгоҳҳои хориҷӣ ва ватанӣ, мутахассисони корхонаҳои истеҳсолии вилоят, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ иштироки фаъолона намуда, маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Аз ҷумла, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумавлон Қодиров, менеҷери ширкати байналмилалии «Boeing» аз Иёлоти муттаҳидаи Амрико, доктори фалсафа Кристина Долкевич, Ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Бахтиёр Маҳмадалӣ, директори Институти илмӣ-тадқиқотии рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Абдураҳмон Қодирзода, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷменти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Абдушукур Назаров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷменти ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ Азизулло Авезов ва дигарон маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки рушди устувор маънои истеҳсоли бештари маҳсулотро бо харҷи камтари обу энергия, таъсиси ҷойҳои кории босифат, ҳифзи муҳити зист ва фароҳам сохтани имкониятҳо барои наслҳои оянда дорад. Ба ибораи дигар, нишондиҳандаи асосӣ на танҳо «чӣ қадар истеҳсол кардем», балки «бо кадом самаранокӣ, бо кадом таъсири экологӣ ва барои беҳбудии зиндагии кӣ истеҳсол кардем» мебошад.
Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, афзоиши воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2025 ба 8,4 фоиз расид ва дар нимсолаи аввали соли 2026 рушди иқтисодӣ 8,2 фоизро ташкил дод. Ин дастовардҳо муҳиманд. Вале таҳлили ҳамин ниҳод ҳамзамон таъкид мекунад, ки вобастагӣ аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ва маҳдудияти гуногунсамтии истеҳсолот ҳанӯз омилҳои осебпазирии иқтисодӣ мебошанд. Аз ин рӯ, вазифаи стратегии мо табдил додани суръати афзоиш ба рушди дорои асоси устувори истеҳсолӣ, технологӣ ва илмӣ мебошад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

СЕМИНАР: САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ВА БОЗОРИ МЕҲНАТБо ибтикори Маркази рушди касбияти донишкада дар ҳамкорӣ  бо ҶСК "Алиф Бонк"...
21/10/2026

СЕМИНАР: САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ВА БОЗОРИ МЕҲНАТ

Бо ибтикори Маркази рушди касбияти донишкада дар ҳамкорӣ бо ҶСК "Алиф Бонк" дар толори Донишкада семинари омӯзишии муҳим ва судмандро баргузор шуд.
Семинар баҳри иҷрои нишондодҳои ду санади стратегии муҳимтарини давлатӣ: "Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030" ва "Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ташкил ва баргузор шуд.
Намояндагони ҶСК "Алиф Бонк" дар бораи аҳамияти саводнокии молиявӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷавонон, хизматрасониҳои молиявии муосир, усулҳои дурусти идоракунии буҷаи шахсӣ, имкониятҳои бонкдории рақамӣ ва роҳҳои пешгирии хатарҳои молиявӣ маълумоти назариявии муфассал ва амалӣ доданд.
Иштирокчиён дар рафти семинар имконият пайдо карданд, ки саволҳои мавриди таваҷҷӯҳи худро аз мутахассисони ҶСК "Алиф Бонк" пурсанд ва ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гиранд.
Бояд қайд намуд, ки ин ҳамкорӣ байни Маркази рушди касбияти донишкадаи ва ҶСК "Алиф Бонк" намунаи барҷастаи ҳамкории муассисаи таълимӣ ва сохторҳои молиявӣ дар самти баланд бардоштани саводнокии молиявии насли ҷавон мебошад. Чунин чорабиниҳо барои тайёр кардани мутахассисони молиявӣ огоҳ ва шаҳрвандони масъулиятшинос аҳамияти бузурги тарбиявӣ ва амалӣ доранд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

МУЛОҚОТ: “КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ” Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С....
21/10/2026

МУЛОҚОТ: “КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ”

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи баргузории суҳбату мулоқоти ҳайати таблиғотӣ ва озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Конститутсия-бахтномаи миллат” бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят чорабинӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ Рустам Боқиев, сармутахассиси шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Иброҳим Ҷабборзода, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров иштирок ва суханронӣ намуданд.
Рустам Боқиев, сармутахассиси шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар баромади худ аз ҷумла иброз дошт, ки Конститутсия - қонуни асосии кишвари мо санади олӣ, як ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозест, ки тамоми арзишҳои олии инсонӣ - ҳаёт, шараф, номус ва ҳуқуқу озодиҳои онро ҳимояву пуштибонӣ намуда, ҳамаи инро арзиши олӣ меҳисобад. Қабули Конститутсия аз ташаббусҳои ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Конститутсияи Тоҷикистон шоҳсутун ва шиносномаи давлат буда, санади такдирсоз ва сарнавиштсози мардуми точик аст. Ба мо зарур аст, ки ҳар як калима ва сатри Конститутсияро азизу муқаддас донем ва бо истифода аз он дар пойдории давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ ва соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳиссагузор бошем.
Иброҳим Ҷабборзода, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров оид ба моҳияти таърихии Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маърӯза намуда, таъкид карданд, ки ин ҳуҷҷат дар давраи барои миллат тақдирсоз қабул шуда, барои таъмини сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Давлат барои эътироф, риоя ва ҳифзи онҳо кафолат медиҳад. Устод донишҷӯёнро даъват намуданд, ки қонунҳои кишварро эҳтиром кунанд, зеро эҳтироми Конститутсия ин эҳтиром ба Ватан ва миллат аст.
Дар қисмати дуввум ғолибони даври донишкадавии озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Конститутсия-бахтномаи миллат” қадрдонӣ гардида, дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни донишкада шеъру сурудҳои ватандӯстона пешкаши аҳли нишаст гардид.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ НИМПАЙКАРАГУЗОРӢ БА ҚАҲҲОР МАХКАМОВ Субҳи имрӯз дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд” парда аз нимпайкараи...
21/10/2026

ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ НИМПАЙКАРАГУЗОРӢ БА ҚАҲҲОР МАХКАМОВ

Субҳи имрӯз дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд” парда аз нимпайкараи собиқ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Махкамов бардошта шуд, ки дар он устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки қадршиносӣ намудани хизматҳои шоёни ходимони барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, Арбобони намоёни илму фарҳанг, зиёиёни пешқадам дар меҳвари асосии фаъолияти инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Гузоштани нимпайкараи собиқ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи чаҳор ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Муҳандиси Шоистаи Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд” гувоҳи ин гуфтаҳост.
Иттилоъ дода шуд, ки Қаҳҳор Махкамов яке аз шахсиятҳои арзандаю фидоии касбии хеш, инсони комилу мӯътабар, хоксору нексиришт, шахсияти поктинату поквиҷдон буда, 16-уми апрели соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1953 Донишкадаи кӯҳии шаҳри Ленинградро хатм карда ҳамон сол ба ҳайси сардори яке аз қисматҳои шахтаи трести «Таджикуголь» дар шаҳраки Шӯроб ба кор даромадааст. Минбаъд дар вазифаҳои гуногун кор карда, то ба вазифаи сардори шахта гардидааст. Солҳои 1961-1963 дар мансаби Раиси шаҳри Хуҷанд кору фаъолият дошт. Аз соли 1963 то соли 1982 аввал Раиси Госплан ва сипас ҷонишини Раиси Шӯрои Олии Вазирони ҶШС Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Қаҳҳор Маҳкамов минбаъд ҳамчун Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1982-1986), Котиби якуми Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии ҶШС Тоҷикистон (1985-1991) ва Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1990) кору фаъолият намудааст. Сипас, ҳамчун вакили доимии парлумон ва намояндаи Тоҷикистон дар АврАзЭС кор мекард. Қаҳҳор Маҳкамов санаи 8-уми июни соли 2016 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.
Дар чорабинӣ раиси Шӯрои собиқадорони меҳнати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов, Ходими давлатию ҷамъиятӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова суханронӣ намуданд.
Аз номи пайвандони Қаҳҳор Маҳкамов-Абдуҷаббор Махкамов баромад намуда, ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои қадршиносӣ миннатдорӣ баён намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ: ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ, БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАР...
17/10/2026

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ: ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ, БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ҲУҚУҚИИ ДОНИШҶӮЁН

Дар толори донишкада мулоқоти намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Терроризм ва экстремизм - таҳдид ба амнияти миллӣ: пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон масъулияти ҳуқуқии донишҷӯён”баргузор шуд.
Мулоқотро муовини директори донишкада оид ба корҳои тарбиявӣ Назира Инъомзода ҳусни ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро шарҳ дод.
Сипас, ваколатдори калони оперативии шӯъбаи кофтукови ҷиноии раёсати вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Муҳаммад Ализода баромад намуда, таъкид дошт, ки донишҷӯён бояд дарк намоянд, ки озодии истифодаи интернет ва мубодилаи иттилоот маънои иҷозати паҳн кардани ҳар гуна маводро надорад. Истифодаи телефони мобилӣ барои таҳсил, муошират ва мубодилаи андеша бояд бо риояи талаботи қонунгузорӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва масъулиятшиносӣ сурат гирад.
Аз ҷумла, ҳар як донишҷӯ бояд:
• аз паҳн кардани маводи дорои даъватҳо ба терроризм, экстремизм, зӯроварӣ ва барангехтани кинаву адоват худдорӣ намояд;
• пеш аз фиристодан ё бознашр кардани хабар дурустӣ ва манбаи онро санҷад;
• аз иштирок дар гурӯҳҳо ва ташаббусҳое, ки ба фаъолияти ғайриқонунӣ даъват мекунанд, худдорӣ намояд;
• маълумоти шахсӣ, рамзҳои дастрасӣ ва дигар маълумоти ҳассосро ба шахсони ношинос надиҳад;
• ҳангоми ошкор кардани маводи шубҳанок аз паҳнкунии он худдорӣ намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ ба маъмурияти платформа ё мақомоти дахлдор хабар диҳад;
• ҳангоми баҳсҳои интернетӣ эҳтироми ҳамсуҳбатонро нигоҳ дошта, аз таҳқир, таҳдид ва барангехтани душманӣ худдорӣ намояд.
Бояд таъкид кард, ки масъулияти ҳуқуқӣ вобаста ба хусусият ва ҳолатҳои мушаххаси амал, мазмуни мавод ва талаботи қонунгузории амалкунанда муайян карда мешавад. На ҳар як хато, баҳс ё дучор омадан ба иттилооти нодуруст худ аз худ ҷиноят мебошад. Аз ин рӯ, арзёбии ҳуқуқии ҳар як ҳолат бояд бо риояи қонун ва салоҳияти мақомоти дахлдор анҷом дода шавад.
Сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишкада Сафархон Алиев низ баромад намуда, доир ба ғояҳои ифротии гуруҳҳои иртиҷоӣ ва истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ин гуруҳҳо маълумоти муфассал дода, аз ҷумла зикр дошт, ки дар шароити муосир телефони мобилӣ яке аз воситаҳои муҳимтарини дастрасӣ ба иттилоот ва муоширати иҷтимоӣ мебошад. Он метавонад ба рушди дониш, худомӯзӣ ва пешрафти касбии ҷавонон мусоидат намояд. Дар айни замон, истифодаи ғаразноки ин восита барои паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ, таҳрифи воқеаҳо ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти ғайриқонунӣ хатари воқеӣ ба ҳисоб меравад. Пешгирии чунин хатар пеш аз ҳама аз баланд бардоштани саводи рақамӣ, тафаккури интиқодӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон вобаста аст. Ҳар як донишҷӯ бояд дарк намояд, ки амалҳои ӯ дар фазои интернетӣ низ метавонанд оқибатҳои воқеӣ дошта бошанд ва истифодаи озоди технологияҳо бояд бо риояи қонун ва эҳтироми ҳуқуқи дигарон ҳамроҳ бошад.
Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби донишҷӯёни донишкада як саҳнаи тарбиявӣ нисбати гумроҳии ҷавони тоҷик ва нолаи модари фарзандгумкарда ба маърази тамошо гузошта шуд.
Бояд қайд намуд, ки мулоқоти мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар солҳои 2026-2030” гузаронида шуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

МУЛОҚОТ: ДУХТАРОН ПОСДОРИ ФАРҲАНГУ ИЛМУ МАЪРИФАТАНДТибқи нақшаи корҳои тарбиявии раёсати донишкада бо донишҷӯдухтарони д...
16/10/2026

МУЛОҚОТ: ДУХТАРОН ПОСДОРИ ФАРҲАНГУ ИЛМУ МАЪРИФАТАНД

Тибқи нақшаи корҳои тарбиявии раёсати донишкада бо донишҷӯдухтарони дар хобгоҳ истиқоматкунанда мулоқот доир гардид.
Мудири шуъбаи тарбия Муҳаррам Темурова зимни баромади худ, аз ҷумла қайд намуд, ки раёсати донишкада ба масъалаҳои мубрами ҳаёти донишҷӯдӯхтарону бонувон, ки аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳад.
Мавсуф иброз дошт, ки духтарон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд ҳамеша дар сафи аввал қарор дошта бошанд. Духтарон ояндаи миллат ва посдорони илму фарҳанг ва маърифатанд. Ҳар қадами онҳо метавонад, дар роҳи пешрафти ҷомеа нур афшонад. Дар навбати худ хобгоҳ барои ҳар як нафар на танҳо ҷои хоб, балки мактаби бузурги ҳаёт, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирист. Риояи тартиботу тозагӣ ва эҳтироми ҳамдигар дар ин макон нишонаи фарҳанг ва тарбияи оилавии шумост.
Дар вохӯрӣ вобаста ба риояи тартиботи хобгоҳ, эҳтиёт ва тозаву озода нигоҳ доштани моликияти хобгоҳ, сарфаву сариштакорӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар байни занону духтарон, тарғиби либоси миллӣ, худшиносии миллӣ, тақлид намудан ба сару либоси бегона ва дигар масоили рӯзмарра ибрози андеша карда шуд. Зикр гардид, ки бояд донишҷӯдухтарон бояд ба бегонапарастӣ, тақлидкорӣ роҳ диҳанд ва барои ҳифзи давлатдории миллиамон кӯшиш намоянд. Ватани азизамонро чун меҳри модар муқаддасу гиромӣ доранд.
Дар интиҳои вохӯрӣ пешниҳоду дархостҳои донишҷӯдухтарон ба инобат гирифта шуд, аз ҷумла тасмим гирифта шуд, ки бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳафтае як маротиба донишҷӯдухтарон дар толори варзишии донишкада ба бозии волейбол машғул шаванд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

ҒИЗОИ МАЪНАВӢ: ТАМОШОИ ФИЛМИ ҲУНАРИИ “ОРМОН”Дар толори донишкада фориғ аз дарсбарои донишҷӯён  бо мақсади баланд бардошт...
15/10/2026

ҒИЗОИ МАЪНАВӢ: ТАМОШОИ ФИЛМИ ҲУНАРИИ “ОРМОН”

Дар толори донишкада фориғ аз дарсбарои донишҷӯён бо мақсади баланд бардоштани арзишҳои инсонӣ, аз ҷумла дӯстӣ, вафодорӣ ва дарки оқибатҳои рафторҳои манфӣ тамошои филми ҳунарии “Ормон” ба роҳ монда шуд.
Бояд қайд намуд, ки филми мазкур мазмуну муҳтавои тарбиявӣ дошта, масъалаҳои эҳтироми модар, меҳру муҳаббат ва масъулияти фарзандро инъикос менамояд. Филм рафтори нодурусти баъзе аъзоёни ҷомеа, аз қабили маккорӣ, беинсофӣ ва сангдилиро зери танқид мегирад. Тамошои он ба донишҷӯён кӯмак мекунад, ки фарқи байни некиву бадӣ ва поквиҷдону бадхоҳро беҳтар дарк кунанд. Тамошои филм дар баланд гардидани ҳисси инсондӯстӣ, тарбияи ахлоқии донишҷӯён таъсири мусбат расонид.
Ҷоиз ба зикр аст, ки намоиши чунин филмҳои тарбиявию ҳунарӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ нақши муҳим дорад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

АМАЛИЯ: РАФТИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ТАЪЛИМӢ ДАР ҶДММ "ОСИЁ ИНВЕСТ"Донишҷӯёни соли якуми ихтисоси технологияҳои иттилоотӣ ва идор...
14/10/2026

АМАЛИЯ: РАФТИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ТАЪЛИМӢ ДАР ҶДММ "ОСИЁ ИНВЕСТ"

Донишҷӯёни соли якуми ихтисоси технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникии донишкада дар доираи барномаи таълимии муассисаи олии касбӣ таҷрибаомӯзии таълимии худро дар ҶДММ "Осиё Инвест" бомуваффақият ба анҷом расониданд.
Таҷрибаомӯзӣ зери роҳбарии омӯзгори таҷрибадор Дабир Мирзоев ташкил ва гузаронида шуд. Роҳбари таҷрибаомӯзӣ дар тамоми давра бо донишҷӯён робитаи зич нигоҳ дошта, кори онҳоро мунтазам назорат намуд.
Дар давраи таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён бо самтҳои асосии фаъолияти ҶДММ "Осиё Инвест" шинос гардиданд. Онҳо сохтори ташкилӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва равандҳои кории корхонаро аз наздик мушоҳида намуда, дар иҷрои вазифаҳои амалии тахассусӣ фаъолона иштирок карданд.
Донишҷӯён дар рафти таҷрибаомӯзӣ донишҳои назариявии аз фанҳои тахассусӣ гирифташударо дар амал татбиқ намуданд, малакаҳои касбӣ ва тафаккури иқтисодии худро инкишоф доданд ва бо муҳити воқеии истеҳсолот шинос гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки таҷрибаомӯзии таълимӣ барои донишҷӯёни соли якуми ихтисоси технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ самаранок ва натиҷаи баланд дод ва барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос замина гузошт.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

МУЛОҚОТ: ХУРОФОТ ВА ТААССУБУ ИФРОТГАРОӢ ҶАҲОЛАТ ВА ТОРИКИСТТибқи нақшаи кории раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи ...
14/10/2026

МУЛОҚОТ: ХУРОФОТ ВА ТААССУБУ ИФРОТГАРОӢ ҶАҲОЛАТ ВА ТОРИКИСТ

Тибқи нақшаи кории раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҷавонони дар хобгоҳ истиқоматкунанда мулоқоти масъулин доир гардид.
Сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишкада Сафархон Алиев ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши донишкада Ҷонибек Ятимов ҳадафи мулоқотро шиносоӣ бо талаботи иқомат дар хобгоҳ, риояи қоидаҳои будубош дар он, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, парҳез аз ифротгароӣ, фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, тозаву озода нигоҳ доштани макони зист ва ҳудуди донишкада, машғул шудан ба варзиш ва обу тоби бадан ва ғайра унвон намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки хурофот ва таассубу ифротгароӣ ҷаҳолат ва торикист ва ба мардуми Тоҷикистон танҳо бадбахтӣ меорад, на чизи дигар. Андешамандони тоҷик ба сокинони кишвар хотирнишон месозанд, ки фирефтаи ҳаракатҳои иртиҷоӣ нашаванд, зеро мақсади ниҳоии намояндагони ин ҳаракатҳо он аст, ки зери ниқоби дини мубини ислом ғаразҳои нопоки хешро амалӣ намуда, вазъи ҷомеаро ноором намоянд. Зеро таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ таъсири манфии худро ба тамоми гӯшаву канори дунё мерасонанд.
Бинобар ин, ҷавонони бедордилро зарур аст, ки аз имконияту шароити фароҳами имрӯза пурра истифода бурда, саҳми арзандаи хешро дар ҷомеаи навини тоҷик гузоранд. Қабл аз ҳама, зиракиву ҳушёрии сиёсиашонро аз даст надиҳанд ва пеш аз ҳар як корро пеша кардан бо таҳаммул андеша намоянд, зеро таҷрибаи бойи ниёгони мо нишон додааст, ки инсонҳои таҳаммулпазир ба ҳадафҳояшон мерасанд
Аз ин рӯ яке аз роҳҳои асосии эмин нигоҳ доштани насли ҷавоназ шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти баланди миллӣ тарбия намудану ба кору амалҳои нек ҷалб кардани онҳо мебошад.
Мулоқот бо суолу ҷавоб анҷом пазируфт.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

Address

Ismoili Somoni Avenue , 226
Khujand
735700

Opening Hours

Monday 08:00 - 16:00
Tuesday 08:00 - 16:00
Wednesday 08:00 - 16:00
Thursday 08:00 - 16:00
Friday 08:00 - 16:00
Saturday 08:00 - 14:00

Telephone

+992342260454

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Khujand Polytechnic institute of Tajik Technical University posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The University

Send a message to Khujand Polytechnic institute of Tajik Technical University:

Share