Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ

Directions Website

Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ Саҳифаи асосии Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ
Официальная страница Института промышленности и сервиса

МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК, МУАЛЛИМАИ ГИРОМӢ!Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони През...
05/09/2026

МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК, МУАЛЛИМАИ ГИРОМӢ!
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ректори Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ Мухторова М. барои хизматҳои шоиста дар самти рушди соҳаи маориф ва фаъолияти самараноки ҷамъиятӣ бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардид.
Ин қадршиносии давлатӣ нишони эътирофи заҳматҳои содиқона, фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаи Мухторова М. дар рушди низоми таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва таҳкими заминаҳои моддию техникии Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад.
Мукофоти давлатӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои аҳли Донишкада мояи ифтихору сарфарозӣ буда, масъулияти роҳбарият ва кормандони муассисаро ҷиҳати идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ боз ҳам бештар менамояд.
Роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ Мухторова М.-ро ба муносибати ин дастоварди арзишманд самимона табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, неруи тоза, фаъолияти пурмаҳсул ва комёбиҳои нав ба навро дар роҳи рушди маориф ва тарбияи мутахассисони соҳибкасб орзу менамоянд.
Мукофоти давлатӣ муборак, муаллимаи гиромӣ!

РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШКАДАИ САНОАТ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ31 августи соли 2026 дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ...
31/08/2026

РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШКАДАИ САНОАТ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ

31 августи соли 2026 дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ ба муносибати оғози соли нави таҳсил чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти донишкада, профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ аҳамияти дониш ва илму маърифат дар рушди ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва ҳифзи сулҳу суботи кишвар таъкид гардид.
Ҳамзамон, иштирокдорон суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дастаҷамъона тамошо намуданд.
Чорабинӣ бо орзуи соли нави таҳсили бобарор, дастовардҳои нав ва фаъолияти созанда барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада ҷамъбаст гардид.

МУВАФФАҚИЯТИ НАВБАТИИ ИЛМИИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДАОмӯзгори Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ Анварзода Акмал Анвар ба дараҷа...
31/07/2026

МУВАФФАҚИЯТИ НАВБАТИИ ИЛМИИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА

Омӯзгори Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ Анварзода Акмал Анвар ба дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D070400 – Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ, аз ҷумла аз рӯйи равияи 6D070402 – мошинҳои ҳисоббарор, комплексҳо ва шабакаҳои компютерӣ сазовор гардид.
Ин дастоварди арзишманди илмӣ натиҷаи заҳмати пайгирона, фаъолияти пурсамари илмиву таҳқиқотӣ, донишандӯзӣ, ҷустуҷӯҳои пайваста ва талошҳои созандаи номбурда буда, дар рушди иқтидори илмӣ ва таҳкими заминаҳои кадрии Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ саҳми муҳим мегузорад.
Қобили зикр аст, ки таҳқиқоти илмии Анварзода Акмал Анвар таҳти роҳбарии доктори илмҳои техникӣ Хуршед Атаханович анҷом ёфта, дастрасӣ ба ин дараҷаи илмӣ ҳамчун натиҷаи фаъолияти мақсаднок ва меҳнати чандинсолаи ӯ арзёбӣ мегардад.
Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону кормандони Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ Анварзода Акмал Анварро ба муносибати ин муваффақияти навбатии илмӣ самимона табрик намуда, барояш саломатии бардавом, неруи тоза, илҳоми эҷодӣ, дастовардҳои боз ҳам бештар ва комёбиҳои навро дар фаъолияти илмиву омӯзгорӣ орзу менамоянд.
Бигзор ин дастоварди шоиста барои расидан ба қуллаҳои нави илм, анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди илму технология заминаи устувор фароҳам оварад!

ДСХ: Баргузории ҳамоиш оид ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ бо ишт...
02/07/2026

ДСХ: Баргузории ҳамоиш оид ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ бо иштироки роҳбарият, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва кормандони сохторҳои гуногун ҷамъомади илмӣ-маърифатӣ бахшида ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Ҳамоиш ба баррасии пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (солҳои 2027–2036)», ки аз ҷониби Пешвои миллат дар минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод гардидааст, бахшида шуда, ҳадафи он тавзеҳи аҳамияти ин ташаббуси муҳим ва нақши он дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ буд.
Ҷамъомадро ректори донишкада Мухторова М. ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба таҳкими сулҳ, субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созандаи байни давлатҳо равона гардидааст. Таъкид шуд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти обу иқлим ва ҳоло пешниҳоди «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда», аз нуфуз ва мавқеи баланди кишвари мо дар ҷомеаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд.
Сипас, муовини ректор оид ба корҳои таълим Мингбоев Ш. дар мавриди аҳамияти ташаббуси мазкур суханронӣ намуда, иброз дошт, ки таҳкими фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ яке аз омилҳои асосии рушди устувори ҷомеа маҳсуб ёфта, муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ин самт рисолати муҳим доранд. Ӯ таъкид намуд, ки ҷавонон бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ тарбия ёбанд.
Дар идомаи ҳамоиш сардори шуъбаи тарбия Дониёрова Ф. вобаста ба аҳамияти ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуда, таъкид кард, ки сулҳу субот неъмати бузургтарини инсоният буда, ҳифзу таҳкими он вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷомеа мебошад. Ӯ қайд намуд, ки пешниҳоди эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, густариши фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва тарбияи насли оянда дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷараёни ҷамъомад иштирокчиён доир ба аҳамияти ташаббуси мазкур мубодилаи афкор намуда, онро ҳамчун иқдоми саривақтӣ ва муҳим барои ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ карданд. Зикр гардид, ки имрӯз, дар шароите ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла низоъҳои мусаллаҳона, ифротгароӣ ва дигар хатарҳои глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад, пешбурди ташаббусҳои сулҳофарин аҳамияти хосса касб мекунад.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки ҳайати омӯзгорону кормандони Донишкада ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллатро пурра ҷонибдорӣ намуда, минбаъд низ барои тарғиби арзишҳои сулҳ, ваҳдати миллӣ, таҳаммулгароӣ, ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандии ҷавонон фаъолияти худро густариш хоҳанд дод. Иштирокчиён чунин ҷамъомадҳоро барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии сиёсиву ҳуқуқии омӯзгорону донишҷӯён муҳим арзёбӣ намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.

Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”Бегоҳии 25 июн Маҷм...
26/06/2026

Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”
Бегоҳии 25 июн Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.
Дар қатънома ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, ба вежа иродаи «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» ва уҳдадории ҳалли мусолиматомези баҳсҳо бозтоб ёфтааст. Он инчунин аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳро ҳамчун ваколати умумиҷаҳонӣ барои таблиғи фарҳанги сулҳ ва адами хушунат эътироф менамояд.
Тибқи муқаррароти ин санад, Маҷмаи Умумӣ солҳои 2027-2036-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон кардааст. Ҳадафҳои асосии Даҳсола аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд.
Қатънома саҳми давлатҳои узв, роҳбарон ва халқҳоеро, ки тавассути равандҳои сиёсии фарогир, чораҳои эътимодбахш, барқарорсозии пас аз низоъ ва сармоягузориҳои дарозмуддат ба ваҳдати иҷтимоӣ дар таҳкими сулҳ, оштӣ, муколама ва ваҳдати миллӣ саҳм гузоштаанд, истиқбол мекунад. Қатънома хотирнишон месозад, ки ин таҷрибаҳои миллӣ ҳамчун манбаи арзишманди илҳомбахшӣ барои наслҳои имрӯза ва оянда хизмат мекунад.
Илова бар ин, дар қатънома аз уҳдадориҳои зимни Саммити оянда дар соли 2024 қабулшуда, инчунин аз қабули "Паймони оянда", ки дар он кишварҳои узв баҳри тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда уҳдадор шудаанд, истиқбол карда мешавад. Дар он инчунин таҳаввулоти мусбат дар Осиёи Марказӣ, хусусан талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар амри ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ, аз ҷумла имзои созишномаҳои дахлдор истиқбол карда мешавад.
Қатънома аз Дабири Кулл, ниҳодҳои махсусгардонидашуда, комиссияҳои минтақавӣ ва дигар ниҳодҳои СММ дархост менамояд, ки ҷиҳати татбиқи Даҳсола дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва ҷонибҳои манфиатдор мусоидат кунанд. Аз давлатҳои узв, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шарикон ҷиҳати дастгирии татбиқи Даҳсола, аз ҷумла табодули таҷрибаву дониш даъват ба амал оварда шудааст.
Шоёни зикр аст, ки қабули қатъномаи мазкур бо ташаббуси навбатии Роҳбари давлати мо дар Маҷмаи Умумии СММ ба шароите рост меояд, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз дучор мебошанд. Он бешак аз нақши сулҳофару ваҳдатпарвари миллати тоҷик сарчашма гирифта, ҳамакнун саҳме дар таҳкими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ хоҳад буд.
Гузашта аз ин, иқдоми мазкур аз сӯи шахсияте ба мисли Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлате, ки мардумонаш даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарониданд, ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва сабақҳои талхи он фоҷиаи миллиро ҳаргиз фаромӯш намекунанд, амри саривақтӣ ва зарурӣ мебошад.

Address

Р. Ҳоҷиев
Khujand
735700

Opening Hours

Monday 09:00 - 17:00
Tuesday 09:00 - 17:00
Wednesday 09:00 - 17:00
Thursday 09:00 - 17:00
Friday 09:00 - 17:00
Saturday 09:00 - 17:00

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share