Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

  • Home
  • Tajikistan
  • Kulob
  • Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Call Directions Website

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Саҳифаи расмии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”Имрӯз, 28 октябри соли 2026, дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии К...
28/10/2026

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

Имрӯз, 28 октябри соли 2026, дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Маърифати молиявӣ”, ки дар назди кафедраи молия ва қарз фаъолият мекунад, баргузор гардид. Дар кори маҳфил роҳбари маҳфил ва гурӯҳи донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд.

Маҳфилро роҳбари он Муҳаммадҷони Азизуло оғоз намуда, дар бораи нақш ва аҳамияти баланд бардоштани саводнокии молиявӣ дар шароити муосир суханронӣ кард.

Баъдан, Ҳамзаи Саймаҳмуд, донишҷӯи соли чоруми ихтисоси андоз ва андозбандӣ, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон Вазирзода Дилором бо маърӯза дар мавзуи “Самтҳои асосии ташаккул ва равнақи маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Маърӯза бо мисолҳои равшан ва таҳлилҳои муфид ҷараён гирифта, таваҷҷуҳи донишҷӯён ва устодонро ҷалб кард.

Дар анҷоми маҳфил миёни донишҷӯён ва омӯзгорон мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва баррасии масъалаҳои муҳими иқтисодӣ сурат гирифт. Иштирокчиён баргузории чунин маҳфилҳоро барои таҳкими донишу ҷаҳонбинии иқтисодии донишҷӯён муҳим ва судманд арзёбӣ карданд

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолия...
28/10/2026

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»

Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои 2008-2026 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022, 2025 ва 2026) дар ҷумҳурӣ 5 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шудааст.

Мораторийҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некӯаҳволии мардум мусоидат намуд.

Қобили зикр аст, ки дар тамоми марҳалаҳои татбиқи мораторий ба санҷишҳо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дахлдор қабул гардида, муносибатҳои марбут ба мораторийҳои эълоншуда мушаххас ба танзим дароварда мешаванд.

Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2029 мораторий эълон карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод менамояд.

Муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншуда дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ба танзим дароварда мешаванд. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи онро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

Тибқи муқаррароти Қонун, амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо боздошта мешавад.

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои со...
28/10/2026

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2029 мораторий эълон карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод намояд.



Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 октябри соли 2026
№1237

ҲИМОЯИ ВАТАН-ВАЗИФАИ МУҚАДДАСДар ҳар давру замон ҳимояи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум барои ҳар як ҷавонмарди бонангу н...
28/10/2026

ҲИМОЯИ ВАТАН-ВАЗИФАИ МУҚАДДАС

Дар ҳар давру замон ҳимояи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ27 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯд...
27/10/2026

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

27 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи математика ва методикаи таълими он ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои муосири методикаи таълими математика ва роҳҳои беҳтарсозии таълими он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» баргузор гардид. Ҳамоишро мудири кафедра муаллими калон Кӯлобизода Мирзо ифтитоҳ намуда, дар бораи аҳаммияти баррасии масъалаҳои мубрами таълими математика, такмили усулҳои муосири омӯзиш ва баланд бардоштани сифати таълим ибрози назар кард.

Сипас, ҳамоиш тибқи барномаи тасдиқгардида идома ёфт. Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои марбут ба ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон дар раванди ҳалли масъалаҳои матнӣ, муносибати босалоҳият ба таълим ва тағйироти вобаста ба он, инчунин истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар омодасозии хонандагон ба олимпиадаҳои фанни математика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Доир ба мавзӯъҳои зикршуда омӯзгорони кафедраи математика ва методикаи таълими он Шарипов Шамсиддин, Имомов Зафар ва ассистенти кафедра Абдусамадзода Убайдулло маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

Дар қисмати ҷамъбастии ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён атрофи роҳҳои такмили методикаи таълими математика, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва ҷорӣ намудани усулҳои самараноки таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ табодули назар карданд. Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ барои таҳкими робитаи илм бо амалияи таълим, ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳалли масъалаҳои методӣ ва беҳтар намудани сифати таълими фанни математика заминаи мусоид фароҳам меорад.

«КОРВОНИ КИТОБ» ДАР НАЗДИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ27 октябри соли 2026 дар назди Донишгоҳи д...
27/10/2026

«КОРВОНИ КИТОБ» ДАР НАЗДИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

27 октябри соли 2026 дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иқдоми фарҳангии «Корвони китоб» оғоз гардид. Ин иқдом бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи китобдорӣ, ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳо, тарғиби фарҳанги китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа роҳандозӣ шудааст.

Интихоби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун макони оғози иқдом дар шаҳри Кӯлоб баёнгари мавқеи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар тарғиби арзишҳои фарҳангӣ, густариши донишандӯзӣ ва ташаккули маърифати насли ҷавон мебошад. Донишгоҳ ҳамчун маркази илму маърифат дар ҳаёти фарҳангии минтақа нақши муҳим дошта, баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими робитаи илму маориф бо фарҳанг заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар доираи чорабинӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор гардида, маҷмуаи гуногуни асарҳои адибони классикӣ ва муосир, адабиёти илмӣ, бадеӣ ва бачагона ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуд. Намоиш боиси таваҷҷуҳи ҳайати раёсат, устодону донишҷӯёни донишгоҳ, аҳли илму адаб ва сокинони шаҳр гардида, иштирокчиён аз имконияти шиносоӣ бо китобҳои нав ва харидории осори мавриди ниёзи худ баҳравар шуданд. Устодону донишҷӯён низ бо дарки аҳаммияти китоб дар раванди таълиму тарбия ва такмили дониш аз намоиш дидан намуда, китобҳои гуногунро харидорӣ карданд.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи ин иқдом ба китобхонаҳои минтақа 6 ҳазору 226 нусха китоб аз рӯйи 40 номгӯй ба таври ройгон тақдим карда мешавад. Ин тадбир барои ғанӣ гардонидани захираи китобхонаҳо, беҳтар намудани дастрасии хонандагон ба адабиёти гуногунжанр ва фароҳам овардани имконоти бештари донишандӯзӣ мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки китоб дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди тафаккури интиқодӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи маънавии ҷавонон нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, баргузории «Корвони китоб» дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо як чорабинии фарҳангӣ, балки иқдоми муҳим дар самти таҳкими фарҳанги мутолиа ва ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ маҳсуб мешавад.

Иқдоми мазкур дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2026-2030 амалӣ мегардад.

СУРАТГУЗОРИШаз рафти баргузории ҷаласаи васеи Кумитаи падарону модарони донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журнали...
27/10/2026

СУРАТГУЗОРИШ
аз рафти баргузории ҷаласаи васеи Кумитаи падарону модарони донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2026-2027

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «МУҲОСИБОНИ КАСБӢ»27 октябри соли 2026 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба н...
27/10/2026

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «МУҲОСИБОНИ КАСБӢ»

27 октябри соли 2026 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии илмии «Муҳосибони касбӣ»-и назди кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит баргузор гардид.

Нахуст, роҳбари маҳфил Хидиров Фарҳод суханронӣ намуда, доир ба аҳаммияти маҳфилҳои илмӣ дар баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ ва ташаккули малакаҳои таҳқиқотии донишҷӯён ибрози назар кард.

Сипас, тибқи нақшаи кории маҳфил, маърӯзаи донишҷӯи курси сеюми факултет Мирзода Муҳибулло дар мавзуи «Истифодаи зеҳни сунъӣ барои моделсозии равандҳои маърифатии инсон» шунида шуд.

Маърӯзакунанда зимни баромади худ оид ба таърихи пайдоиш ва марҳилаҳои рушди зеҳни сунъӣ, инчунин имкониятҳои истифодаи он дар моделсозии равандҳои маърифатии инсон маълумот пешниҳод намуд. Ҳамзамон, аҳаммияти татбиқи самараноки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар фаъолияти корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла нақши онҳо дар такмили равандҳои корӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар қисмати ҷамъбастии маҳфил миёни иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифта, масъалаҳои матраҳгардида мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокдорон андешаҳои худро баён намуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзуъ мубодилаи афкор карданд.

Баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ барои густариши ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён, тақвияти малакаҳои таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо аз дастовардҳои муосири илму технология заминаи мусоид фароҳам меорад.

ДАРСИ НАМУНАВӢ: «СИМОИ МАРКАЗИИ ЗАН-МОДАР ДАР АШЪОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА»Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи ...
27/10/2026

ДАРСИ НАМУНАВӢ: «СИМОИ МАРКАЗИИ ЗАН-МОДАР ДАР АШЪОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА»

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавӣ аз ҷониби олимон, муҳаққиқон ва омӯзгорон мунтазам ба роҳ монда шудааст. Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, мубодилаи таҷрибаи педагогӣ, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва ҷалби бештари донишҷӯён ба раванди таълим мебошад.

Дар ҳамин замина, 27 октябри соли 2026 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ аз ҷониби номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик-Холиқова Зайналбӣ, барои донишҷӯёни гурӯҳҳои таълимии 301-302-и ихтисоси «Забон ва адабиёти тоҷик» аз фанни курси махсуси адабиёти тоҷик дарси намунавӣ дар мавзуи «Симои марказии зан-модар дар ашъори Мирзо Турсунзода» баргузор гардид. Дар машғулият ҳайати васеи омӯзгорони факултет иштирок намуданд.

Омӯзгор дарсро тибқи талаботи муқарраргардидаи таълимӣ оғоз намуда, бо истифода аз усулҳои муосири таълим мазмуну муҳтавои мавзуъро шарҳ дод. Сипас, донишҷӯён доир ба яке аз самтҳои муҳими эҷодиёти Мирзо Турсунзода - васфи зан-модар дар ашъори шоир, баромад намуда, андешаҳои худро баён карданд.

Зимни машғулият паҳлуҳои гуногуни ин мавзуъ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ҷойгоҳи зан-модар, мақому манзалати ӯ ва инъикоси симои модар дар ашъори шоир аз нигоҳи адабӣ ва тарбиявӣ арзёбӣ гардид.

Донишҷӯён дар раванди дарс фаъолона иштирок намуда, доир ба хусусиятҳои эҷодӣ ва нақши мавзуи зан-модар дар осори Мирзо Турсунзода мубодилаи афкор карданд.

Дарси намунавӣ барои такмили донишҳои адабии донишҷӯён, рушди тафаккури таҳлилӣ ва таҳкими эҳтиром ба мақому манзалати зан-модар мусоидат намуда, дар заминаи мубодилаи таҷрибаи педагогӣ аҳаммияти муҳим дошт.

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «БОСТОНШИНОСИ ҶАВОН»Дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯло...
26/10/2026

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «БОСТОНШИНОСИ ҶАВОН»

Дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии «Бостоншиноси ҷавон»-и назди кафедраи методикаи таълими таърих баргузор мегардад.

Мувофиқи барномаи маҳфил, донишҷӯён Шаҳзодаи Тоҳирдин дар мавзуи «Эҳё ва тармими ёдгориҳои таърихӣ: шарҳи тармими иншооти муҳим ба мисли Қалъаи Ҳулбук ва мақбараи Хоҷа Машҳад бо истифода аз технологияҳои навин» ва Мансуp Раҳмонзода дар мавзуи «Саҳми бостоншиносии тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ» маърӯза пешниҳод менамоянд.

Дар доираи маърӯзаҳо масъалаҳои ҳифз, эҳё ва тармими ёдгориҳои таърихӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар барқарорсозии иншооти бостонӣ ва саҳми олимону бостоншиносони тоҷик дар омӯзиши тамаддуни ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар фарҷом музокира ва муҳокимаи маърӯзаҳо баргузор гардида, иштирокдорон доир ба мавзуъҳои пешниҳодшуда мубодилаи афкор менамоянд. Баргузории чунин маҳфилҳо барои густариши донишҳои таърихӣ, бедор намудани таваҷҷуҳи ҷавонон ба мероси фарҳангӣ ва ҷалби онҳо ба таҳқиқоти илмӣ мусоидат мекунад.

Address

Таджикистан
Kulob
735360

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 14:00

Telephone

+992332223506

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share