Tajikistan University of Innovation and Digital Technologies - UIDT

Tajikistan University of Innovation and Digital Technologies - UIDT Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Tajikistan University of Innovation and Digital Technologies - UIDT, College & University, 9 Borbad Neighborhood, Kulob.

Tajikistan University of Innovation and Digital Technologies (UiDT) is a leading state-level institution established to spearhead the nation's digital transformation and foster a culture of technological advancement.

ИСТИҚЛОЛИЯТ – ЗАМИНАИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА АРЗИШҲОИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИКИстиқлолияти давлатӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои...
27/08/2026

ИСТИҚЛОЛИЯТ – ЗАМИНАИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА АРЗИШҲОИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Истиқлолияти давлатӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии миллати тоҷик буда, заминаи асосии таҳкими давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва рушди кишвар мебошад. 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, ҳамчун давлати мустақил ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид гардид.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг, суннату анъанаҳо ва таҳкими худшиносии миллӣ имкониятҳои васеъ фароҳам омаданд. Ҳамзамон, эҳтиром ба таърих ва мероси фарҳангии миллат бештар гардид.
Солҳои аввали истиқлолият бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ давраи душвору ҳассос буданд. Дар чунин шароит сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аҳамияти сарнавиштсоз пайдо карданд. Бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва музокироти сулҳ соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Ин рӯйдод барои таҳкими ваҳдат ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон заминаи устувор гузошт.
Пас аз барқарор гардидани сулҳу субот дар кишвар корҳои созандагӣ вусъат ёфтанд. Дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, маориф, тандурустӣ, нақлиёт ва фарҳанг тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим гузошт.
Дар даврони истиқлолият ба рушди маориф, ҷавонон ва сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуда, барои таҳсил ва рушди қобилиятҳои насли ҷавон имкониятҳои нав фароҳам омаданд. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ гардид.
Истиқлолият барои миллати тоҷик рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ, сарбаландӣ ва омили рушди устувор мебошад. Ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Шаҳнозаи Сабур,
Сардори шуъбаи фарҳанг ва маънавиёти Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон

iDT University – Your Success Code!
#ДИТР #ДонишгоҳиИнноватсия #ТехнологияҳоиРақамӣ #Тоҷикистон #Кӯлоб #ОяндаиРақамӣ #Инноватсия

ШОМИ ИСТИҚЛОЛ — ТАНТАНАИ СУРУДУ ШОДӢДар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлати...
26/08/2026

ШОМИ ИСТИҚЛОЛ — ТАНТАНАИ СУРУДУ ШОДӢ

Дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангии «Шоми Истиқлол» баргузор гардид.
Барномаи идона аз ҷониби Ансамбли «Нури Ваҳдат»-и Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо барномаи рангини фарҳангӣ-ҳунарӣ пешкаши сокинону меҳмонони шаҳр гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ ҳунармандони ансамбл бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу оҳангҳои миллӣ ва барномаҳои ҷолиби ҳунарӣ ба «Шоми Истиқлол» ҳусни тоза бахшиданд.
Фазои идона, садои мусиқии миллӣ ва сурудҳои тараннумгари Ватан муҳити боғро фаро гирифта, табъи ҳозиринро болида гардонид. Сокинону меҳмонони шаҳр бо хушҳолӣ барномаи ҳунариро тамошо намуда, ҳунармандонро бо кафкӯбиҳои самимӣ истиқбол гирифтанд.
«Шоми Истиқлол» ба як барномаи хотирмон ва пуршукӯҳи фарҳангӣ табдил ёфта, дар қалби иштирокчиён эҳсоси ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол ва муҳаббат ба фарҳангу арзишҳои миллӣ ба вуҷуд овард.
Чунин барномаҳои фарҳангӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи тантанаҳои ҷашнии мардуми кишвар мебошанд.

Маркази иттилоот ва тарғиб

Донишгоҳи инноватсия – рамзи муваффақияти ту
iDT University – Your Success Code!
#ДИТР #ДонишгоҳиИнноватсия #ТехнологияҳоиРақамӣ #Тоҷикистон #Кӯлоб #ОяндаиРақамӣ #Инноватсия

📣 ЭЪЛОН: ҚАБУЛИ ИЛОВАГИИ ДОВТАЛАБОН ДАР ДОНИШГОҲИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ ТОҶИКИСТОН!Муассисаи давлатии таъл...
22/08/2026

📣 ЭЪЛОН: ҚАБУЛИ ИЛОВАГИИ ДОВТАЛАБОН ДАР ДОНИШГОҲИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ ТОҶИКИСТОН!

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон» дар асоси эълони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТ) ба таваҷҷуҳи довталабон мерасонад, ки барои ҷойҳои холимонда аз 22 то 24-уми августи соли 2026 давраи азнавбақайдгирии такрории иловагӣ баргузор мегардад.
Шартҳои иштирок дар тақсимоти такрории иловагӣ:
Довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ ва такрорӣ бинобар кам будани балҳои умумиашон ба ҳеҷ кадом аз ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд;
Довталабоне, ки ба ихтисосҳои самти тиббӣ гузаштаанд, вале бинобар сабабҳои тиббӣ ба он муассисаҳо қабул нашудаанд.
Интихоби дуруст — кафили ояндаи дурахшони шумост!
Донишгоҳи мо имконияти беназири гирифтани таҳсили муосири рақамӣ, истифодаи озмоишгоҳҳои инноватсионӣ ва муҳити пешрафтаи илмиро пешниҳод менамояд.
Мӯҳлати бақайдгирӣ:22–24 августи соли 2026
Маълумоти пурра ва бақайдгирӣ: www.ntc.tj
МДТ «Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон» — қадами аввалин ба сӯи технологияҳои фардо!
⏳ ИХТИСОСҲОИ МО:
1400101 – Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ
1400102 – Технология ва низоми иттилоотӣ (дар энергетика)
1400301 – Зеҳни сунъӣ
140030102 – Зеҳни сунъӣ ва омӯзиши мошинӣ
1400301-01 – Зеҳни сунъӣ дар иқтисодиёт
1980102-03 – Амнияти киберӣ ва ҳифзи додаҳо
1980101-01 – Амнияти компютерӣ (усулҳои риёзӣ ва системаҳои барномавӣ)
1450101 – Системаи бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ
153010206 – Интернет-технология
125011027 – Блокчейн-технологияҳо дар молия
108010107 – Таълими касбӣ (информатика)
1430102-0301 – Идоракунии шабакаҳои барқӣ бо истифодаи зеҳни сунъӣ
1440101-020101 – Рақамикунонӣ ва логистикаи нақлиёт
1250104 – Молия ва қарз
1250110-26 – Иқтисоди рақамӣ
1560101 – Заминсозӣ
1700403 – Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ

📍 Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Хатлон,
ш. Кӯлоб, маҳалаи Борбад 9
☎️ +992 333-500-500
📧 [email protected]

Донишгоҳи инноватсия – рамзи муваффақияти ту
iDT University – Your Success Code!
#ДИТР #ДонишгоҳиИнноватсия #ТехнологияҳоиРақамӣ #Тоҷикистон #Кӯлоб #ОяндаиРақамӣ #Инноватсия

Мулоқоти Хуршед Мирзо бо Сафири Ҷумҳурии ҲиндустонСанаи 21 августи соли 2026 дар бинои IT-Park Dushanbe мулоқоти директо...
21/08/2026

Мулоқоти Хуршед Мирзо бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон

Санаи 21 августи соли 2026 дар бинои IT-Park Dushanbe мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти технологияҳои рақамӣ ва инноватсия, рушди сармояи инсонӣ, иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зоҳир гардид.

Ҳамзамон дар идомаи мулоқот масъалаи ба роҳ мондани робитаҳои мустақим миёни Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии олии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва амнияти киберӣ, аз ҷумла тавассути табодули донишҷӯёну омӯзгорон, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати густариши робитаҳо миёни бахшҳои хусусии ду кишвар, ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ, стартапҳо ва марказҳои инноватсиониро таъкид намуданд. Дар ин самт, имкониятҳои ташкили миссияҳои тиҷоратӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштараки технологӣ, ки метавонанд дар оянда ба рушди шарикиҳои тиҷоратӣ мусоидат намоянд, баррасӣ шуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати татбиқи тавофуқоти бадастомада иброз намуданд.

__

Встреча Хуршеда Мирзо с Послом Республики Индия

21 августа 2026 года в здании IT-Park Dushanbe состоялась встреча директора Агентства инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан с Послом Республики Индия в Республике Таджикистан.

В ходе встречи особое внимание было уделено вопросам развития двустороннего сотрудничества в сфере цифровых технологий и инноваций, развития человеческого капитала, цифровой экономики и информационно-коммуникационных технологий.

В продолжение встречи был обсужден вопрос установления прямых связей между Университетом инноваций и цифровых технологий Таджикистана и высшими учебными заведениями Республики Индия в таких направлениях, как информационные технологии, искусственный интеллект и кибербезопасность, в том числе посредством обмена студентами и преподавателями, реализации совместных образовательных программ и краткосрочных курсов.

Стороны также подчеркнули необходимость расширения связей между частными секторами двух стран, IT-компаниями, стартапами и инновационными центрами. В этом контексте были рассмотрены возможности организации бизнес-миссий и реализации совместных технологических инициатив, которые в перспективе могут способствовать развитию делового партнерства.

В завершение встречи стороны выразили готовность к реализации достигнутых договоренностей.

__

Meeting between Khurshed Mirzo and the Ambassador of India

On August 21, 2026, the Director of the Agency of Innovation and Digital Technologies under the President of the Republic of Tajikistan, Khurshed Mirzo, held a meeting with the Ambassador of the Republic of India to the Republic of Tajikistan at IT-Park Dushanbe.

The meeting focused on strengthening bilateral cooperation in digital technologies and innovation, human capital development, the digital economy, and information and communication technologies.

The parties discussed opportunities for establishing direct cooperation between the University of Innovation and Digital Technologies of Tajikistan and higher education institutions in India in the fields of information technology, artificial intelligence, and cybersecurity. Potential areas of cooperation include student and faculty exchanges, joint educational programmes, and short-term training courses.

The parties also emphasized the importance of strengthening ties between the private sectors of the two countries, including IT companies, startups, and innovation centers. In this regard, they discussed opportunities to organize business missions and implement joint technology initiatives that could contribute to the development of business partnerships and commercial cooperation.

At the conclusion of the meeting, the parties expressed their readiness to follow up on the agreements reached and further strengthen cooperation in the areas discussed.

Иштирок дар ҷаласаи якуми Шурои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисоди рақамӣ19.08.2026 https://pres...
19/08/2026

Иштирок дар ҷаласаи якуми Шурои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисоди рақамӣ
19.08.2026
https://president.tj/event/news/56605

19 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шурои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисоди рақамӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шуро баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Шуро ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба самтҳои афзалиятнок ва тадбирҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, инчунин пешниҳоди масъалаи «Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти кишвар, Раиси Шуро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таъсиси Шуро идомаи мантиқии сиёсати давлат дар самти навсозии иқтисоди миллӣ, такмили идоракунии давлатӣ ва истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ мебошад.

Зикр гардид, ки эълон шудани солҳои 2026–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва тасдиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026–2030 барои пешбурди ин раванд заминаи зарурӣ фароҳам овардааст.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки рақамикунонӣ бояд, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани зиндагии мардум, сарфаи вақти шаҳрвандону соҳибкорон, кам шудани хароҷоти иловагӣ, шаффофияти идоракунӣ ва афзоиши рақобатнокии иқтисоди миллӣ хизмат намояд.

Таъкид гардид, ки дар мамлакат низомҳои иттилоотӣ ва хизматрасониҳои электронӣ роҳандозӣ шудаанд, вале фаъолияти ҷудогонаи онҳо, такроран талаб намудани маълумот, мавҷудияти расмиёти коғазӣ ва номуайянии натиҷаи баъзе лоиҳаҳо ҳанӯз мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, ҳамгироии низомҳо, ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти киберӣ, шаффофияти хароҷот ва риояи принсипи «маълумот танҳо як маротиба» аз вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардид.

Муовини Раиси Шуро, Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода доир ба самтҳои афзалиятнок ва тадбирҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ гузориш дод.

Дар идома Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода вобаста ба ҷалби сармоя ва механизмҳои маблағгузории лоиҳаҳои рақамӣ ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода оид ба омодасозии кадрҳо ва баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ иттилоъ дод.

Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Хуршед Мирзо вобаста ба рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот пешниҳодҳо манзур кард.

Зимни муҳокима таъкид гардид, ки ҳар як пешниҳоди марбут ба рақамикунонӣ бояд ба натиҷаи мушаххас, муҳлати иҷро, манбаи маблағгузорӣ ва масъулияти роҳбарон пайваст карда шавад. Барои солҳои 2027 - 2030 ҳадафҳои солона ва натиҷаи ниҳоӣ муайян гардида, аз таҳияи чорабиниҳои такрорӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои беасос пешгирӣ карда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, ки рақамикунонӣ дар асоси чор принсипи асосӣ – натиҷаи мушаххас барои инсон ва иқтисод, роҳандозии сохтори ягонаи рақамии давлат, пешниҳоди маълумот танҳо як маротиба ва дастрасии баробари шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ амалӣ карда шавад.

Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди рақамӣ ташкили низоми ягонаи идоракунии равандҳои рақамикунонӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, ташкили низоми миллии маълумот ва ҳамгироии феҳристҳои давлатӣ, пурра электронӣ намудани хизматрасониҳои давлатӣ, рақамикунонии бахшҳои воқеии иқтисод ва соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди сармояи инсонӣ, соҳибкории рақамӣ ва инноватсия, ҷалби сармоя, истифодаи зеҳни сунъӣ ва таъмини амнияти киберӣ муайян гардиданд.

Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки масъулони сатҳи техникиро барои ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди низомҳои рақамӣ муайян намуда, дар ин самт бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамкории доимӣ ба роҳ монанд.

Ба мақомоти давлатии хизматрасон супориш дода шуд, ки барои ворид намудани хизматрасониҳои худ ба портали ягона ва пешниҳоди пурраи онҳо дар шакли электронӣ чораҳои бетаъхир андешанд. Пеш аз электронӣ намудани ҳар як хизматрасонӣ тартиби он содда гардида, талаботи зиёдатӣ, ҳуҷҷатҳои такрорӣ ва муроҷиати беасос ба чанд мақом барҳам дода шаванд.

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо Вазорати адлия ва вазорату идораҳои соҳавӣ вазифадор гардид, ки нақшаи марҳала ба марҳала пурра электронӣ намудани хизматрасониҳои афзалиятноки давлатиро пешниҳод намояд.

Таъкид гардид, ки Хадамоти алоқа якҷо бо мақомоти дахлдор бояд иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи рушди соҳаи алоқаро таъмин намуда, диққати асосиро ба баланд бардоштани сифат ва фарогирии интернет, махсусан дар минтақаҳои дурдаст, равона созад.

Ба Хадамоти гумрук супориш дода шуд, ки якҷо бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти дахлдор харитаи гузариш ба расмиёти пурра бекоғазро таҳия ва татбиқ намояд.

Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор гардиданд, ки оид ба ҷалби сармояи хусусӣ ва рушди соҳибкории рақамӣ пешниҳодҳо манзур намоянд. Таъкид гардид, ки дастгирии давлатӣ бояд шаффоф, рақобатнок ва ба натиҷа нигаронида шуда, барои иштироки ширкатҳои ватанӣ ва ба кор даровардани маҳсулоти инноватсионӣ имконияти бештар фароҳам оварда шавад.

Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимӣ ва бахши хусусӣ барномаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳоро ба талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ созад. Таъкид гардид, ки дар баробари малакаҳои касбӣ, тадбирҳо барои баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ низ бояд тақвият дода шаванд.

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо мақомоти дахлдор вазифадор гардид, ки оид ба истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва таҳкими амнияти киберӣ пешниҳодҳо манзур намояд.

Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки фаъолияти роҳбарони вазорату идораҳоро аз рӯйи натиҷаҳои рақамикунонӣ арзёбӣ намояд. Таъкид гардид, ки роҳбарон барои ҳамгироии низомҳо, сифати маълумот, соддагардонии хизматрасониҳо, истифодаи самараноки маблағ ва натиҷаҳои воқеии лоиҳаҳои рақамӣ масъулияти шахсӣ доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шуро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, таъкид доштанд, ки Шуро бояд майдони қабули қарорҳои стратегӣ, бартараф намудани монеаҳои байниидоравӣ ва назорати қатъии натиҷаҳо гардад.

Саҳми Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди равишҳои инноватсионӣ дар таҷлили Истиқлоли давлатӣ. Андешаҳо дар ин мавридМун...
17/08/2026

Саҳми Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди равишҳои инноватсионӣ дар таҷлили Истиқлоли давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид

Муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ хусусияти тағйирёбанда дошта, дар ҳар марҳилаи рушди давлатдорӣ мутобиқ намудани шаклу усулҳои идоракунӣ ва баргузории чорабиниҳои дорои аҳамияти миллӣ ва давлатиро тақозо менамоянд. Тағйирёбии муҳити сиёсӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, болоравии маърифати шаҳрвандӣ, ташаккули муносибатҳои нави иҷтимоӣ ва афзоиши нақши ҷомеа дар равандҳои сиёсиву идоракунӣ истифодаи равишҳои инноватсиониро дар баргузории чорабиниҳои давлатӣ тақвият бахшидааст.

Муфассал: https://khovar.tj/2026/08/sa-mi-peshvoi-millat-dar-tash1akkul-va-rushdi-ravish-oi-innovatsion-dar-ta-lili-isti-loli-davlat-andesha-o-dar-in-mavrid/

ШОМИ ИСТИҚЛОЛ — ҶАШНИ ИФТИХОРУ САРБАЛАНДӢШоми 14 августи соли равон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Мир Сайид Алии ...
15/08/2026

ШОМИ ИСТИҚЛОЛ — ҶАШНИ ИФТИХОРУ САРБАЛАНДӢ

Шоми 14 августи соли равон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми Истиқлол» баргузор гардид.
Барномаи идона бо иштироки Ансамбли «Нури Ваҳдат»-и Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор шуда, ба хотири таҷлили арзишҳои муқаддаси истиқлолият, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳангу ҳунари миллӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ ҳунармандони ансамбл бо суруду таронаҳои дилнишин, оҳангҳои миллӣ, рақсу иҷроҳои ҷолиб ба шоми идона ҳусни тоза бахшиданд. Садои мусиқии миллӣ ва таронаҳои ватандӯстона фазои боғро фаро гирифта, рӯҳияи идона ва эҳсоси ифтихори миллӣ ба вуҷуд овард.
«Шоми Истиқлол» на танҳо як барномаи фарҳангӣ, балки арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат, соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои даврони истиқлол буд.
Истиқлол барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рамзи озодӣ, худшиносӣ, давлатдорӣ ва ояндаи созанда мебошад.

Маркази иттилоот ва тарғиб

Донишгоҳи инноватсия – рамзи муваффақияти ту
iDT University – Your Success Code!
#ДИТР #ДонишгоҳиИнноватсия #ТехнологияҳоиРақамӣ #Тоҷикистон #Кӯлоб #ОяндаиРақамӣ #Инноватсия

ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ДОНИШГОҲ БО ШАРИКОНИ РУШД Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои созанда ва ҷалби имкониятҳои нав дар самти ру...
15/08/2026

ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ДОНИШГОҲ БО ШАРИКОНИ РУШД

Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои созанда ва ҷалби имкониятҳои нав дар самти рушди технологияҳои рақамӣ, 13 августи соли 2026 ҳайати намояндагони Лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» аз Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид меҳмонон бо иқтидори моддию техникии Донишгоҳ, имкониятҳои таълимию озмоишгоҳӣ ва шароити фароҳамовардашуда барои омодасозии мутахассисони соҳаи технологияҳои рақамӣ шинос шуданд. Ҳамзамон, намояндагони лоиҳа бо ҳайати илмию омӯзгории Донишгоҳ мулоқот намуда, аз фаъолияти таълимию илмӣ ва самтҳои асосии омодасозии кадрҳои рақамӣ огоҳ гардиданд.
Дар идомаи боздид мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳ бо ҳайати меҳмонон баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ташаббусҳои Лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон», аз ҷумла рушди инфрасохтори ҷамъиятии рақамӣ, таҳкими амнияти киберӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии мутахассисон дар соҳаҳои афзалиятноки рақамикунонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки рушди босуръати технологияҳои рақамӣ тақозо менамояд, ки ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо шарикони рушд боз ҳам тақвият ёфта, барои омодасозии мутахассисони рақобатпазир, рушди малакаҳои касбӣ ва татбиқи ташаббусҳои муосири рақамӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шаванд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд, таҳкими робитаҳои муштарак ва татбиқи ташаббусҳои нав дар самти рақамикунонӣ иброз доштанд.
Боздиди мазкур қадами муҳим дар самти тавсеаи ҳамкориҳои Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо шарикони рушд ба ҳисоб рафта, барои рушди минбаъдаи иқтидори таълимӣ, илмӣ ва касбии соҳаи технологияҳои рақамӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Маркази иттилоот ва тарғиб

Донишгоҳи инноватсия – рамзи муваффақияти ту
iDT University – Your Success Code!
#ДИТР #ДонишгоҳиИнноватсия #ТехнологияҳоиРақамӣ #Тоҷикистон #Кӯлоб #ОяндаиРақамӣ #Инноватсия

Address

9 Borbad Neighborhood
Kulob
735360

Opening Hours

Monday 08:00 - 16:00
Tuesday 08:00 - 16:00
Wednesday 08:00 - 16:00
Thursday 08:00 - 16:00
Friday 08:00 - 16:00
Saturday 08:00 - 14:00

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Tajikistan University of Innovation and Digital Technologies - UIDT posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share