Ассотсиатсияи Соҳибкорони Хатлон

Ассотсиатсияи Соҳибкорони Хатлон Ассоциация Предпринимателей Хатлонской области!

Озмоиши татбиқи шакли нави таълим – Донишгоҳи кушода ва модулҳои таҳияшуда дар донишгоҳҳои аъзои консорсиум аз Осиёи Мар...
10/11/2025

Озмоиши татбиқи шакли нави таълим – Донишгоҳи кушода ва модулҳои таҳияшуда дар донишгоҳҳои аъзои консорсиум аз Осиёи Марказӣ
Озмоиши татбиқи як шакли нави таълим – Донишгоҳи кушода ва модулҳои таҳияшуда дар панҷ донишгоҳи аъзои консорсиум аз Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи Эрасмус+ Иттиҳоди Аврупо OFINU - Донишгоҳи кушодаи инноватсияҳо дар озуқаворӣ бомуваффақият идома дорад.
Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон дар татбиқи лоиҳаи мазкур ҳамчун шарики ғайриакадемӣ дар марҳилаи озмоишии модули таълимии “Технологияи коркарди шир” дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ширкат намуда истодааст.
Шунавандагони беруна ва мутахассисони соҳаи саноати озуқаворӣ даъват карда мешаванд, ки ба сомонаи лоиҳаи OFINU ворид шаванд: https://ofinu.eu/course/section.php?id=10 ва бо дигар модулҳои таълимӣ низ шинос шаванд. Модулҳо бо се забон – англисӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дастрасанд.
Дар маҷмӯъ, ҳафт модули таълимӣ таҳия ва пешниҳод шудаанд, ки ба густариши дониш ва малакаҳои амалии мутахассисон дар соҳаи саноати озуқаворӣ мусоидат менамоянд. Модулҳо самтҳои зеринро фаро мегиранд:
• №1 – Технологияи коркарди шир
• №2 – Технологияи коркарди гӯшт
• №3 – Технологияи коркарди мева ва сабзавот
• №4 – Технологияи маҳсулоти ғалладона
• №5 – Идоракунии бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ
• №6 – Таҳия ва инноватсияи маҳсулоти нави озуқаворӣ
• №7 – Интишори илмӣ (академӣ)
Ба хоҳишмандони омӯзиши модулҳои таълимии болозикр тавсия дода мешавад, ки бо ҳамоҳангсози донишгоҳи худ барои дарёфти маълумоти муфассал дар бораи имкониятҳои таҳсил ва талаботи қабул тамос гиранд.
Маълумоти иловагӣ оид ба шарикони лоиҳа дар пайванди зерин дастрас аст: https://ofinu.eu/course/view.php?id=2
Мо Шуморо ба таҳсил дар Донишгоҳи кушода даъват менамоем.
Донишгоҳи кушода манбаи боэътимоди дониш ва таҷрибаи амалиест, ки ба қобилият, ниёз ва усули зиндагии ҳар омӯзанда мутобиқ мегардад. Омӯзиш дар ин донишгоҳ имконият фароҳам меорад, то андешаҳои эҷодии худро ба воқеият табдил дода, ба дастовардҳо ва муваффақияти дилхоҳ ноил гардед.
Барои шиносоӣ бо маълумоти бештар дар бораи лоиҳаи OFINU, ҳадафҳо, шарикон ва имкониятҳои он, метавонед маълумотро бо забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ё ӯзбекӣ тавассути пайванди зерин дастрас намоед: https://ofinu.eu/course/view.php?id=2

С 26 по 31 октября 2025 года представители компаний пищевой промышленности Узбекистана и Таджикистана посещают Латвию дл...
28/10/2025

С 26 по 31 октября 2025 года представители компаний пищевой промышленности Узбекистана и Таджикистана посещают Латвию для участия в учебном визите, организованном в рамках проекта «Содействие соответствию и доступу к образованию и знаниям для развития пищевой отрасли Узбекистана и Таджикистана». Проект реализуется Центром образования на протяжении всей жизни Латвийского университета естественных наук и технологий (LBTU) и финансируется Министерством иностранных дел Латвийской Республики в рамках Программы грантов сотрудничества в области развития. Это дополнительная инициатива к более крупному проекту ОФИНУ, финансируемому Программой ЕС Эразмус+.

Участники учебного визита представляют бизнес-компании и организации - ООО «Агромир», ООО «Мароканд Мева Сабзавот», ООО «Навигул» (Узбекистан), а также Ассоциацию предпринимателей Хатлона, Международную ассоциацию производителей и экспортеров агропродукции Таджикистана, ЗАО «Шири Душанбе», ООО «Ориён Рустам» АОО "Пищекомбинат" г. Бохтар (Таджикистан).

В ходе визита гости познакомятся с моделями сотрудничества науки и бизнеса Латвии, познакомятся с современными технологиями переработки пищевых продуктов, познакомятся с практиками инновационного развития. Участники смогут поработать вместе с исследователями Института продовольствия ЛБТУ и Центра передачи технологий и знаний, посетить Институт садоводства, принять участие в хакатоне по решениям цифровизации для пищевого сектора, организованном Латвийским ИТ кластером, и отправиться с учебными визитами такие предприятия, как «Пуратос», «Тукума пиенс», «Яунпилс пиенс», «Jelgavas ga ļas kombin āts», «Балтиково» и «Феличи», а также посетили Исследовательский центр и кооператив «Aug ļu nams». "

Особое внимание уделено пищевым инновациям, пищевой безопасности, сенсорной оценке продукции, технологиям упаковки, применению цифровых решений. Практические семинары проведут исследователи и академические сотрудники Института питания ЛБТУ.

Проект предусматривает два ознакомительных визита. Первый визит состоится в октябре 2025 года. Второй визит запланирован весной 2026 года.

Ожидается, что после завершения проекта продуктовые компании-участники получат знания и идеи для разработки инновационных продуктов и технологий, а также понимание и уверенность в преимуществах формата обучения Открытого университета.

OFINU - ЛОИҲАИ“ДОНИШГОҲИ КУШОДИ ИННОВАТСИЯҲО ДАР ОЗУҚАВОРӢ”Консорсиуми ҳафт шарики пурра ва шаш шарики алоқаманд лоиҳаи ...
17/07/2025

OFINU - ЛОИҲАИ
“ДОНИШГОҲИ КУШОДИ ИННОВАТСИЯҲО ДАР ОЗУҚАВОРӢ”

Консорсиуми ҳафт шарики пурра ва шаш шарики алоқаманд лоиҳаи "Донишгоҳи кушоди инноватсияҳо дар озуқаворӣ "-ро амалӣ мекунад.
Шарики пешбар - Донишгоҳи илмҳои ҳаёт ва технологияҳои Латвия.

Дар доираи фаъолияти Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ)  ва лоиҳаи “Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: кишварҳои Балкан ва Осиё...
17/07/2025

Дар доираи фаъолияти Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва лоиҳаи “Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: кишварҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария (СЕКО) маблағгузорӣ шуда, аз тарафи МТБ амалӣ мегадад, дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон барои корхонаҳои коркард ва содироткунандагони хушкмева, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва боғпарварон баргузории чорабинихои омузишӣ-таҷрибавӣ дар мавзуъи «ПРИНЦИПҲОИ АСОСИИ ИСТЕҲСОЛ ВА КОРКАДРИ МЕВАИ ХУШК» гузаронида шуд.
Омузиши мазкур санаи 4 июли 2025 сол, дар майдони истеҳсолии Кооперативи истеҳсолии “Ширин 2”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо иштироки мутахассиси соҳаи коркарди меваю сабзавот ва соҳибкори пешқадам Антон Эрви аз ҷумҳурии Африкои ҷанубӣ амалӣ гардид. Дар чорабинии мазкур иштирокдорон бо технологияҳои муосири истеҳсол ва коркарди хушкмева, усулҳои пешрафтаи истеҳсоли маҳсулоти нав аз хушкмева, нигоҳдорӣ ва содироти он шинос карда шуданд.

Аъзоён ва хамкорони гироми,Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар доираи фаъолияти Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ)  ва ...
05/08/2024

Аъзоён ва хамкорони гироми,

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар доираи фаъолияти Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва лоиҳаи “Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: кишварҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария (СЕКО) маблағгузорӣ шуда, аз тарафи МТБ амалӣ мегадад, рузҳои 6-7 августи соли 2024 баргузории чорабинихои омузишӣ-таҷрибавӣ дар мавзуъи “Истеҳсол ва коркарди хушкмева” дар шаҳри Бохтар барои корхонаҳои коркард ва содироткунандагони хушкмева, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва боғпарварон ба нақша гирифта шудааст.
Қисмати назариявии омузиши мазкур санаи 6 август, соати 9.00 то 17.00, дар маркази омузишии ТЧ “Фидокор” (кучаи Мирзокодиров 4) ва ќисмати амалии омузиш 7 август дар Кооперативи истењсолии “Виён”-и нохияи Кушониён баргузор мегардад.
Ба чорабинии мазкур мутахассиси сохаи коркарди меваю сабзавот ва соњибкори пешқадам Антон Эрви аз ҷумҳурии Африкои ҷануьбӣ даъват гардидааст. Омузиши мазкур иштирокдоронашро бо технологияҳои муосири истеҳсол ва коркарди хушкмева, усулхои пешрафтаи истеҳсоли маҳсулоти нав аз хушкмева, нигохдори ва содироти он шинос менамояд.
Ҳамзамон мутахассиси сатҳи байналмиллалӣ аз корхонањои коркарди меваю сабзавоти гурухи кластерии коркарди меваю сабзавоти Хатлон дидан намуда, вобаста ба бехтар кардани технологияи коркард, нигоҳдорӣ ва содироти он тавсияњои амалӣ пешниҳод менамояд. Дар назар аст, ки тибқи тавсияҳои мазкур, коршиносони Ассоциацияи соҳибкорони Хатлон лоиҳаҳои мукаммал омода намуда ба шарикони рушд барои дастгирии техникӣ пешкаш менамояд.

Дӯстон ва кулли соҳибкорону кишоварзони мамлакат ва дар шахсияти онҳо тамоми сокинони кишвари офтобиамонро бо фарорасии ...
21/03/2024

Дӯстон ва кулли соҳибкорону кишоварзони мамлакат ва дар шахсияти онҳо тамоми сокинони кишвари офтобиамонро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва баҳори оламафрӯзу оғози корҳои деҳқонӣ самимона табрику таҳният намуда, қайд гардид, ки Наврӯз аз зеботарин ҷашнҳоест, ки табиат ба инсон ато намудааст. Аҷдодони шарафманди мо бо хираду фаросати азалии худ ин ҷашни зебои табиатро бо беҳтарин расму оин ва маросимҳои наҷиб ороста, онро ба як фарҳанги умумибашарӣ табдил додаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Наврӯз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст». Дар ҳақиқат Наврӯз ваҳдати зиндагии инсонро бо табиат, пайвасти ногусастании меҳнату заҳмати бунёдкоронаро бо давраҳои тағйири фаслҳои сол инъикос намуда, муносибати оқилонаро нисбат ба зуҳуроти олами фарогири инсон дар худ таҷассум менамояд. Зери истилоҳи Наврӯз ғояҳои ғании умумибашарӣ, аз қабили муносибати дилсӯзона ба замин, ҳаво, обу оташ ва умуман дигар муқаддасоти табиату ҷомеа нуҳуфтааст. Фарҳанги ғаниву волои Наврӯз саросар аз рамзҳо иборат аст.

Бо камоли эҳтиром,
Кормандони Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон.

БАРОИ РУШДИ САНОАТИ ХУРОКВОРӢ ТАШАББУСИ НАВ РОҲАНДОЗӢ КАРДА МЕШАВАД – Лоихаи “OFINU”-и барномаи Эрасмус+ Иттиҳоди Аврупо...
14/02/2024

БАРОИ РУШДИ САНОАТИ ХУРОКВОРӢ ТАШАББУСИ НАВ РОҲАНДОЗӢ КАРДА МЕШАВАД – Лоихаи “OFINU”-и барномаи Эрасмус+ Иттиҳоди Аврупо
Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон шуруъ аз 1 феврали соли 2024 дар татбиқи лоиҳаи барномаи Эрасмус+ Иттиҳоди Аврупо OFINU - “Донишгоҳи кушоди инноватсияҳо дар озуқаворӣ” дар Осиёи Марказӣ ҳамчун шарики ғайриакадемӣ ширкат менамояд. Дар ҳайати консорсиуми ин лоиҳа Донишгоҳи технолгии Тоҷикистон, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва ду донишгоҳи дигар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил мебошанд. Инчунин, ба ҳайати консорсиум ду донишгоҳ аз Иттиҳодияи Аврупо низ шомиланд. Шарики пешбари лоиҳа Донишгоҳи илмҳои ҳаётӣ ва технологияҳои Латвия (LBTU) мебошад. Лоиҳаро Маркази таҳсилоти муттасили LBTU, ки дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои марбут ба модернизатсияи таҳсилоти олии Осиёи Марказӣ таҷрибаи даҳсола дорад, ҳамоҳанг менамояд.
Ҳадафи лоиҳа таҳия ва татбиқи як шакли нави таълим дар донишгоҳҳои аъзои консорсиум аз Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар он раванди таълим ва омӯзиш дар қолаби модулӣ сурат мегирад ва он дар баробари донишҷӯёни шуъбаи рӯзона донишҷӯёни шуъбаи фосилавӣ ва таълимгирандагони беруна – шахсонеро, ки мехоҳанд дар бораи коркарди маҳсулоти хўрока дониши худро афзун намоянд ё дар ҳамин самт маълумоти олӣ гиранд, фаро мегирад. Масалан, мутахассисони саноати хурокворӣ ё онҳое, ки мутахассис шудан мехоханд. Бо ин мақсад заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ташкил ва мукаммал гардонида шуда, модул ва маводҳои таълимӣ таҳия ва ҳайати омӯзгорон омода карда мешавад.
Донишҷӯёни таҳсили фосилавӣ дар баробари донишҷӯёни рӯзона дар модулҳои муайян иштирок мекунанд ва ба ин васила пас аз хатми таҳсил кредитҳои ба ҳар як модул вобастабударо ба даст меоранд, дониши заруриро мегиранд ва тадриҷан кредитҳоро ҷамъ меоваранд, ки дипломи таҳсилоти олиро соҳиб гарданд. Ин равиш ба шахсоне, ки аллакай ба бозори меҳнат ворид шудаанд, имкон медиҳад, ки таҳсил кунанд, рақобатпазирии худро дар бозори меҳнат баланд бардоранд ва инчунин, иқтидори шуғли донишҷӯёни дар барномаҳои рӯзона таҳсилкардаро афзоиш диҳанд.
Дар лоиҳа шарикони алоқаманд – панҷ корхонаи саноати хӯрокворӣ ва як ассотсиатсияи соҳибкорӣ (аз ҷумла дар Тоҷикистон – Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон, ҶСП “Комбинати шири Душанбе” ва ҶДММ “Ориён Рустам”) , ки дар таҳияи модулҳои нави таълимӣ ва тасдиқи онҳо иштирок мекунанд ва инчунин, ҳайати кормандонашонро барои иштирок дар татбиқи озмоишии лоиҳа сафарбар мекунанд, нақши муҳим доранд. Ҳарчанд шарикони алоқаманди лоиҳа аллакай интихоб шудаанд, лекин дигар истеҳсолкунандагони манфиатдор барои иштирок ба амалигардонии лоиҳа ташвиқ карда мешаванд.
Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон муроҷиат кунед (Хуршеди Икромӣ, почтаи электронӣ: [email protected]).
Лоиҳаи OFINU аз моҳи феврали соли 2024 то январи соли 2027 амалӣ карда мешавад.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад. Бо вуҷуди ин, андешаҳо ва нуқтаҳои назари баёншуда танҳо ба муаллифон тааллуқ доранд ва ҳатман нуқтаи назари Иттиҳоди Аврупо ё Агентии Иҷроияи Аврупо оид ба маориф ва фарҳангро (EACEA) инъикос намекунанд. На Иттиҳоди Аврупо ва на EACEA наметавонанд барои онҳо масъул бошанд.

NEW INITIATIVE FOR THE BENEFIT OF THE FOOD PROCESSING INDUSTRY - OFINU PROJECT HAS BEEN LAUNCHED
Starting from February 1, 2024, the Khatlon Entrepreneurs' Association as an associate partner will participate in the implementation of the project “Open Food Innovation University – OFINU”, funded by the European Union Erasmus+ Programme.
The consortium is composed of the Technological University of Tajikistan, Institute of Technology and Innovative Management in Kulob, Branch of the Technological University of Tajikistan in Isfara and two universities from Uzbekistan and two from European Union. The lead partner is Latvia University of Life Sciences and Technologies (LBTU). The project is coordinated by LBTU Lifelong Education Centre, having ten years’ experience in the development and implementation of higher education modernisation related projects in Central Asia.
The project aims to develop and introduce in the involved Central Asia universities a new form of studies in which teaching and learning takes place in a modular format and in which together with full-time students participate external learners - listeners to study modules - people, having intention to acquire food processing related knowledge and/or to acquire higher education. For example, specialists in food processing industries or those who wish to become specialists. To this end, a legal basis will be created and strengthened, study modules developed, academic staff of partners trained, and the material base, needed for studies, developed.

External learners will participate in certain modules together with full-time students, thus obtaining the credits determined for each module after completion of the training, acquiring the necessary knowledge, as well as gradually accumulating credits that allow the acquisition of a higher education diploma. This approach will enable people who have already entered the labour market to learn, increase their competitiveness in the labour market, as well as to increase the employment potential of students studying full-time programmes.

Significant role in the project is given to the associated partners – five food processing enterprises and one business association (including in Tajikistan – Khatlon Entrepreneurs' Association, JSC "Kombinati shiri Dushanbe " and LLC “Oriyon Rustam”), who will participate in the new study modules designing process, will take part in their validation, and will delegate staff to take part in the piloting. Though associated partners have been chosen, other interested food producers are welcomed for participation.

For more information please contact: Technological University of Tajikistan (Khurshed IKROMI, e-mail: [email protected]);

The OFINU project will be in implementation from February 2024 till January 2027.

The project is funded by the European Union. Views and opinions expressed are however those of the authors only and do not necessarily reflect those of the European Union or the European Education and Culture Executive Agency (EACEA). Neither the European Union nor EACEA can be held responsible for them.

15/11/2023

КУРСҲОИ ОМУЗИШИ ОИД БА БЕХАТАРИИ ХӮРОКВОРӢ ВА ИДОРАКУНИИ ХАВФҲО ДАР ИСТЕҲСОЛ ВА КОРКАРДИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ

Вохурии мақсаднок вобаста ба муарифии нақшаи чорабиниҳои рушди кластери  дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишова...
04/10/2023

Вохурии мақсаднок вобаста ба муарифии нақшаи чорабиниҳои рушди кластери дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон, тибқи дастуру супоришҳои ҷаласаи 16-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ.

 Муарифии натиҷаи пурсиши гуруҳҳои мақсаднок.
 Муҳокима намудани пешниҳодоти нақшаи чорабиниҳо дар самти рушди кластери дар вилояти Хатлон.


Кластери кишоварзӣ - иттиҳоди ширкатҳое мебошад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҷуғрофӣ ба ҳам наздиканд, ки ба рушди умуми ва афзоиши рақобатпазирии ҳар яки онҳо мусоидат мекунанд ( https://agroperspectiva.com.ua/ru/chto-takoe-agroklastery/ -dly-Ukraine )
Мақсади ташкили агрокластерҳо : ҳамкории муштарак дар доираи занҷири арзиш бо мақсади истифодаи самараноки захираҳо ва ба даст овардани ҳадди аксар аз ҷониби иштирокчиёни агрокластер мебошад
Намунаи оддии агрокластери рушди паррандапарварӣ: корхонаҳои паррандапарварӣ, инкубаторҳо, хоҷагиҳои хӯроки чорво, ширкатҳои таъминкунандаи маводи истеҳсолӣ (тухмӣ, нуриҳо ва ғ.), корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехта, корхонаҳои коркарди маҳсулоти парранда. , марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ/лабораторияҳо, инфрасохтор: роҳҳо, марказҳои логистикӣ, ширкатҳои маркетингӣ ва фурӯш, таълим ва омӯзиш, инноватсия ва тадқиқот, робита бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ (қарзҳо, имтиёзҳо ва ғ.)
Афзалиятҳои ташкили агро-кластерхо

• Сарфаи захираҳо тавассути кам кардани хароҷот ва фоида барои иштирокчиён
• Дастрасӣ ба манбахои истехсоли босифат
• Дастрасӣ ба инфрасохтор
• Дастрасӣ ба маълумоти илми-тадқиқотӣ
• Дастрасӣ ба кадрҳои соҳибихтисос
• Дастрасӣ ба бозорҳои фуруш
• Тараккиёти комплексии минтакахо
• Таъсиси ҷойҳои корӣ

Баъзе хатарҳое, ки бо фаъолияти агрокластерҳо алоқаманданд

• Хароҷоти баланди оғозёбӣ, зарурати банақшагирии дарозмуддат ва бозгашти дарозмуддати сармоягузорӣ
• Мавҷудияти хатарҳои баланд (аргоиқлимӣ, саноатӣ (бемориҳо, эпидемияҳо ва ғ.), тағирёбии нархҳо, тамоюлҳои ҷаҳонӣ ва ғ.)
• Агрокластерҳои вобаста ба як намуди маҳсулот метавонанд дар сурати коҳиш ёфтани талабот (аз даст додани бозорҳои содиротӣ, рақобат, коҳиши истеъмол ва ғайра) зарар диданд.
• Хароҷоти иловагӣ барои азнавсозии истеҳсолот ҳангоми тағир додани профили истеҳсолот
• Рохи халл : диверсификатсияи бозорҳои истеҳсол ва фурӯш, мавҷудияти системаи пурқуввати мониторинги бозорҳои фурӯш бо мақсади саривақт арзёбии хатарҳо ва андешидани чораҳои ислоҳӣ
• Таъсири тағирёбии иқлим ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ
• Рохи халл: сари вақт ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи захираҳо бо мақсади кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим ва нигоҳдории ҳосилхезӣ ( CSA, CA , коркарди сифрӣ, обёрии қатрагӣ, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (панелҳои офтобӣ ва турбинаҳои шамолӣ ) ва ғ.)
• Истифодаи принсипи Нишони ҷуғрофӣ дар маркетинги маҳсулот (ҳифзи бренд, кафолати сифат, системаи пайгирии маҳсулот, нархи мукофотӣ, кафолати фурӯш ва ғ.)

#АссотсиатсияисохибкорониХатлон

Вохурии Гурӯҳи мақсаднок вобаста ба муайян намудани  мушкилоту монеъаҳо ва  ҷамоварии пешниҳоди соҳибкорон дар самти ист...
04/10/2023

Вохурии Гурӯҳи мақсаднок вобаста ба муайян намудани мушкилоту монеъаҳо ва ҷамоварии пешниҳоди соҳибкорон дар самти истехсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон, тибқи дастуру супоришҳои ҷаласаи 16-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баргузор гардид.

Мавзуъ:

 Маълумоти умуми оид ба мақсади ташкили вохурии Гурӯҳи мақсаднок.
 Муҳокима ва муайян намудани мушкилоту монеъаҳо дар самти истехсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон.
 Муаррифии усулхои рушди кластери дар самти истехсол ва коркарди махсулоти кишоварзӣ.
 Барраси ва ҷамоварии пешниҳоди соҳибкорон дар самти самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Хатлон.

Дар рафти вохури вобаста ба муайян намудани мушкилоту монеъаҳо аз тарафи соҳибкорон дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ як чанд фикру андешаҳои ҳалталаб пешниҳод карда шуд ва дар робита ба ин масъала намояндаи Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон ҷиҳати бартараф намуданимушкилоти зикргардида ва дигар камбудиҳои ҷойдошта, ки монеъи рушди соҳа гардидааст ба соҳибкорону дигар иштирокчиёни ҳамоиши имрӯза маслиҳатҳои муфид пешниҳод карда шуд.
#АссотсиатсияисохибкорониХатлон

25/09/2023

Address

Республика Таджикистан
Kurgan-Tyube
735140

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00

Telephone

+992777051200

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Ассотсиатсияи Соҳибкорони Хатлон posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The University

Send a message to Ассотсиатсияи Соҳибкорони Хатлон:

Shortcuts

Share