Коллеҷи тиббии ш. Гулистон

Коллеҷи тиббии ш. Гулистон Саҳифаи коллеҷи тибби шаҳри Гулистон дар Facebook

Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон» тибқи  супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ  Пешво...
19/11/2016

Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон» тибқи супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҷалби соҳибкорон баҳри рушду нумуи соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020» аз 31 октябри соли 2009 таҳти №600 аз тарафи муассисон Қосимов Абдураҳмон Нуритдинович, Комилов Комилҷон Ҳакимҷонович таъсис дода шудааст.
Муассиса соҳиби иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию-фармасевтӣ мебошад ва донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои Кори ҳамширагӣ баъди хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) ва баъди хатми таҳсилоти миёнаи умумии асосӣ (синфи 9), Кори момодояӣ, Кори лабораторӣ, Кори фарматсевтӣ, Реабилитатсияи тиббӣ иҷтимоӣ қабул менамояд. Бинои таълимии муассиса дар шаҳри Гулистон кӯчаи Ҷавонӣ 1а ҷойгир буда, аз 4 ошёна иборат мебошад. Барои кормандони маъмурият бинои алоҳида ва толори варзиши бо тамоми шароитҳои муосир сохта ба истифода дода шуд Ғунҷоиши бинои таълимии муассиса дар як баст барои 600 нафар донишҷӯён мебошад ва дар бино 55 аудитория, 4 толори лексионӣ, ошхона барои 250 нафар, ҳуҷраи ёрии тиббӣ, ҳуҷраи духтури дандон, ҳуҷраи дорусозӣ, китобхона, нуқтаи гармидиҳии марказонидашуда мавҷуд аст. Синфхонаҳо, аудиторияҳо бо айёниятҳои фаннӣ ва технологияи муосир бамонанди микроскопи электронӣ, диапроекторҳо, доскаҳои электронӣ, компютерҳо ки ба шабаки интернети пайваст мебошанд, ҷиҳозонида шудааст. Муассиса дорои базаи бои моддию-техникӣ буда, тайёр аст, ки ба ҳамаи ихтисосҳои соҳаи миёнаи кормандони тиб мутахассисонро тайёр намояд. Дар муассиса раванди таълим бо тарзи машғулиятҳои назариявӣ, семинарӣ, амалӣ ва лабораторӣ ба роҳ монда шудааст. Муассиса барои ба роҳ мондани дарсҳои амалӣ бо Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Беморхона ва маркази саломатии шаҳри Гулистон, Осоишгоҳҳои «Шифо», «Баҳористон», Беморхонаи клиникавии №2–и ш.Хуҷанд, Маркази саломатии №5-и ш.Хуҷанд, Маркази кори хамширагии вилояти Сугд, Маркази клиникавии дерматовенирологии вилояти Суғд, Беморхонаи вилоятии клиникавии бачагона, Таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Address

Улица Ҷавони 1а
Qayraqqum
735750

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Коллеҷи тиббии ш. Гулистон posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share